Роҳбари КТ Русия дастур дод, ки муаллифони хабарҳои дурӯғ дар Буча муайян шаванд

© Sputnik / Максим БлиновСлужебный автомобиль возле здания Следственного комитета РФ в Москве.
Служебный автомобиль возле здания Следственного комитета РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия таъкид мекунад, ки ҳама мавод дар бораи ҷиноятҳои низомиёни Русия дар Буча ба воқеият мувофиқат намекунад ва хусусияти иғвоангезӣ доранд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур дод, ки маълумоти иғвоангез дар бораи куштори мардуми осоишта дар шаҳри Бучаи Украинаро таҳлил ва баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Дар ин бора дар "Telegram-канал"-и ин ниҳод хабар дода шудааст.
Бино ба гузоришҳо, Вазорати дифои Украина ба хотири бадном кардани низомиёни Русия дар расонаҳои ғарбӣ видеоҳоеро аз шаҳри Бучаи вилояти Киевро ҳамчун далели куштори мардуми осоишта паҳн кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, ҳама маводи нашршуда ба воқеият мувофиқ нестанд ва иғвоангезанд.

"Бастрикин ба муфаттишон супориш дод, ки барои фош кардани ҳамаи шахсони дар ин кор дастдошта чораҳои ҳамаҷониба андешанд ва ба амалҳои онҳо, мутобиқи моддаи 207.3, КҶФР баҳои ҳуқуқӣ дода шавад".

Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навореро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Вазорати дифои Русия ин навору аксҳоро иғво номида, таъкид кард, дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Украинские военные в городе Буча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Антонов: Амрико тирборон шудани Буча аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нодида мегирад
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.
Вазорат ёдовар шуд, ки мақомоти Украина дар бораи "зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия" ба таваллудхонаи Мариупол як хабари қалбакӣ паҳн кардаанд. Нашрияҳо аксҳои занони ҳомиларо паҳн намуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кард.
Лентаи хабарҳо
0