Путин ба Иттиҳоди Аврупо бо маҳдудиятҳои раводид посух дод

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Маълум шуд, ки дар фармони нави раисҷумҳури Русия дар бораи тартиби раводиди ҷавобӣ барои ҳамаи кишварҳои Аврупо ва як қатор давлатҳои дигар чӣ бандҳо мавҷуданд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Русия дар робита ба амалкарди давлатҳои ғайридӯст чораҳои ҷавобии дорои хусусияти раводидро андешидааст.
Фармони дахлдорро раисҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст. Ин ҳуҷҷат дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Фармон "Дар бораи чораҳои вокунишӣ ба хусусияти раводид дар робита ба амалҳои номатлуби давлатҳои хориҷӣ" дар асоси зарурати чораҳои таъҷилӣ дар посух ба амалҳои ғайридӯстонаи Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид, гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат.
Илова бар ин маҳдудиятҳо ба "як қатор давлатҳои хориҷӣ, шаҳрвандони онҳо, шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламравашон доимӣ зиндагӣ мекунанд ё муваққатан иқомат доранд, ба дорандагони ҳуҷҷатҳои сафар аз ҷониби ин давлатҳои хориҷӣ ё Иттиҳоди Аврупо дахл доранд".
Ҳамин тариқ дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ дигар наметавонанд бидуни раводид вориди Русия шаванд.
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем
Ҳамчунин фармони Путин дар бораи чораҳои раводиди ҷавобӣ лағви як қатор бандҳои Созишнома дар бораи додани раводид ба шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупоро дар бар мегирад. Тағйирот ба ҳайатҳои расмӣ ва рӯзноманигорон дахл хоҳад кард.
ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо билофосила пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро манъ ва баъдан ба ин рӯйхат арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро илова кард. Инчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро мутаваққиф карданд.
Лентаи хабарҳо
0