https://sputnik.tj/20220404/muhofizat-niqob-kuchaho-zindagi-chin-1047339083.html
Либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва кӯчаҳои холӣ: зиндагӣ дар Чин ҳангоми локдаун
Либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва кӯчаҳои холӣ: зиндагӣ дар Чин ҳангоми локдаун
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи он ки чӣ тавр хаткашонҳо ва табибони "ковид" дар либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо кор мекунанд, дар аксҳои Sputnik Тоҷикистон бубинед
2022-04-04T17:35+0500
2022-04-04T17:35+0500
2022-04-04T20:16+0500
акс
чин
коронавирус
карантин
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047331155_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_85f62349b7a3a5e6d74e640440147c6c.jpg
Бузургтарин мавҷи коронавирус дар чанд минтақаи Чин дар ду сол мақомоти кишварро водор кард, ки чораҳои шадид андешанд ва якбора дар чанд шаҳр локдауни пурра эълон кунанд. Сокинони шаҳрҳои бузург вазифадор карда шуданд, ки дар хона бимонанду карантини қатъиро риоя кунанд ва хадамоти махсус ҳама чизҳои заруриро пешкаш мекунанд.Коронавирус дар Шанхай дар охири моҳи марти соли 2022 шиддат гирифт. Пас аз он дар шаҳри бузурги 26-миллионнафарӣ дар як рӯз 3,5 ҳазор ҳолати COVID-19 ошкор карда шуд, дар ҳоле ки танҳо 50 нафари онҳо аломатҳои шадид доштанд. Мақомоти Чин сиёсати "таҳаммулпазирии сифр" бо вирусро доранд. Ин маънои маҳдуд кардани паҳншавии вирусро тавассути карантинаи қатъӣ ва карантини ҳатмӣ барои онҳое, ки бо шаҳрвандони сироятшуда дар тамос шудаанд, дорад.Дар робита ба ин дар Шанхай карантини думарҳилаӣ эълон карда шуд, ки аз рӯи миқёс бо Вуҳан, ки дар он ҷо COVID-19 бори аввал ошкор шудааст, муқоиса карда мешавад.Ба шарофати марҳилаҳо шаҳр тадриҷан аз Шарқ ба Ғарб баста шуд. Ҳамзамон бо Шанхай дар ҷануби ин кишвар, дар Ҳонконг як мавҷи хуруҷи ҷиддии коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки то ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои қатъӣ дар як рӯз то 50 ҳазорро ибтило мекард.Оқибатҳои чунин маҳдудиятҳои шадид дар бозори ҷаҳонии иқтисодӣ аллакай эҳсос мешавад, зеро фаъолияти истеҳсолии Чин ба ҳадди ақали панҷ моҳи охир поин рафтааст.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047331155_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_1801d8e9ecbc5cc46fad676bd5e001e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
либос муҳофизат ниқоб кӯчаҳо холӣ зиндагӣ чин
либос муҳофизат ниқоб кӯчаҳо холӣ зиндагӣ чин
Либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва кӯчаҳои холӣ: зиндагӣ дар Чин ҳангоми локдаун
17:35 04.04.2022 (Навсозишуда: 20:16 04.04.2022) Дар бораи он ки чӣ тавр хаткашонҳо ва табибони КОВИД дар либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо кор мекунанд, дар аксҳои Sputnik Тоҷикистон бубинед
Бузургтарин мавҷи коронавирус дар чанд минтақаи Чин дар ду сол мақомоти кишварро водор кард, ки чораҳои шадид андешанд ва якбора дар чанд шаҳр локдауни пурра эълон кунанд.
Сокинони шаҳрҳои бузург вазифадор карда шуданд, ки дар хона бимонанду карантини қатъиро риоя кунанд ва хадамоти махсус ҳама чизҳои заруриро пешкаш мекунанд.

Корманди интиқол савори скутер дар кӯчаи холии Шанхай.

Кормандони меҳмонхона дар назди меҳмонхонаи ҷудогона дар Ҳонконг партовҳоро мепартоянд.

Сокини Шанхай дар тан либоси муҳофизати инфиродӣ сагашро сайр медиҳад.

Табибон дар назди бинои истиқоматӣ дар Шанхай корҳои безараргардонӣ мекунанд.

Корманд бо либоси муҳофизатии махсус кӯчаҳои Шанхайро тамошо мекунад.

Хадамоти муваззаф хиёбонҳоро дар замони қарантина дар Шанхай зиддиуфунӣ мекунад.

Коргаре дар кӯчае дар ноҳияи Тсингани Шахай қадам мезанад ва мағозаҳо низ баста шудаанд

Як ихтиёрӣ бастаҳои зидди пандемияро ба Ҳонконг мерасонад.

Кормандони фурудгоҳи Ҳонконг мусофирони парвозҳои расидаро ба меҳмонхонаҳои карантинӣ равона мекунанд.

Як ихтиёрӣ дар ноҳияи Тсзинан, ки дар он ҷо сокинони Шанхай санҷиши оммавӣ COVID-19 -ро мегузаранд.
Коронавирус дар Шанхай дар охири моҳи марти соли 2022 шиддат гирифт. Пас аз он дар шаҳри бузурги 26-миллионнафарӣ дар як рӯз 3,5 ҳазор ҳолати COVID-19 ошкор карда шуд, дар ҳоле ки танҳо 50 нафари онҳо аломатҳои шадид доштанд.
Мақомоти Чин сиёсати "таҳаммулпазирии сифр" бо вирусро доранд. Ин маънои маҳдуд кардани паҳншавии вирусро тавассути карантинаи қатъӣ ва карантини ҳатмӣ барои онҳое, ки бо шаҳрвандони сироятшуда дар тамос шудаанд, дорад.
Дар робита ба ин дар Шанхай карантини думарҳилаӣ эълон карда шуд, ки аз рӯи миқёс бо Вуҳан, ки дар он ҷо COVID-19 бори аввал ошкор шудааст, муқоиса карда мешавад.
Ба шарофати марҳилаҳо шаҳр тадриҷан аз Шарқ ба Ғарб баста шуд.
Ҳамзамон бо Шанхай дар ҷануби ин кишвар, дар Ҳонконг як мавҷи хуруҷи ҷиддии коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки то ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои қатъӣ дар як рӯз то 50 ҳазорро ибтило мекард.
Оқибатҳои чунин маҳдудиятҳои шадид дар бозори ҷаҳонии иқтисодӣ аллакай эҳсос мешавад, зеро фаъолияти истеҳсолии Чин ба ҳадди ақали панҷ моҳи охир поин рафтааст.