https://sputnik.tj/20220404/malika-nozanin-tojikiston-uzbekiston-1047343166.html
"Маликаи нозанин" аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт
"Маликаи нозанин" аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Намоишномаи Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон дар панҷ шаҳру навоҳии Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд 04.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-04T18:40+0500
2022-04-04T18:40+0500
2022-04-04T20:24+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
фарҳанг
театр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101485/71/1014857173_0:168:3045:1881_1920x0_80_0_0_654e3e2ea6746d3c13d9290dc3e92a5b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо сафари хидматӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикитон хабар дод.Ба гузориши манбаъ, ҳунарандони тоҷик намоши "Маликаи нозанин" -ро аз 4 то 15 апрел пешкаши ӯзбекистониҳо мекунанд. Зикр гардид, ки "Маликаи нозанин" дар панҷ шаҳру навоҳии ин кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сӯх ба намиш гузошта мешавад.Манбаъ аз қавли роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова хабар медиҳад, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъватномаи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳунармандони Ӯзбекистон бо намоиши "Чойхонаи мусиқӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.Сафари ҳунармандони Ӯзбекистон аз 11 то 20 март сурат гирифт ва дар Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи мазкур пешкаши тамошобинон гардида буд.Муаллиф, коргардон ва рассоми "Чойхонаи мусиқӣ" Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида шуд.
https://sputnik.tj/20220328/oskar-tojikiston-joizai-milli-sinamo-1047127030.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101485/71/1014857173_157:0:2888:2048_1920x0_80_0_0_634b8b19ed7f2ca04f108737fbc2a0d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, фарҳанг, театр
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, фарҳанг, театр
"Маликаи нозанин" аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт
18:40 04.04.2022 (Навсозишуда: 20:24 04.04.2022) Намоишномаи Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон дар панҷ шаҳру навоҳии Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо сафари хидматӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикитон хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, ҳунарандони тоҷик намоши "Маликаи нозанин" -ро аз 4 то 15 апрел пешкаши ӯзбекистониҳо мекунанд. Зикр гардид, ки "Маликаи нозанин" дар панҷ шаҳру навоҳии ин кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сӯх ба намиш гузошта мешавад.
Манбаъ аз қавли роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова хабар медиҳад, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъватномаи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳунармандони Ӯзбекистон бо намоиши "Чойхонаи мусиқӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.
Сафари ҳунармандони Ӯзбекистон аз 11 то 20 март сурат гирифт ва дар Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи мазкур пешкаши тамошобинон гардида буд.
Муаллиф, коргардон ва рассоми "Чойхонаи мусиқӣ" Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида шуд.