https://sputnik.tj/20220403/peskov-avrupo-majbur-rusiya-muzokira-1047316720.html
Песков: Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад
Песков: Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия иддао дорад, ки дер ё зуд Аврупо маҷбур мешавад бо Русия музокира кунад
2022-04-03T20:00+0500
2022-04-03T20:00+0500
2022-04-04T13:17+0500
дар русия
дмитрий песков
музокира
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ce4372ba5e37e623baa562f5b6869f1d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус намехоҳад Аврупо ва Русия музокира кунанд, ин раванд дер ё зуд сурат хоҳад гирифт.Вай дар мусоҳиба бо Павел Зарубин, муҷрии барномаи “Маскав, Кремл, Путин”, ки дар шабакаи телевизионии “Россия-1” намоиш дода мешавад, гуфт: “Дер ё зуд мо бояд гуфтугӯ кунем, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус инро мехоҳад ё не”.Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Музокироти ахири ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия сурат гирифт. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220403/tramp-amriko-dahshat-iqtisod-bayden-aybdor-1047309440.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_48e73f1942f71d0785aa727f546b2069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий песков, сухангӯи путин, кремл, аврупо, музокира
дмитрий песков, сухангӯи путин, кремл, аврупо, музокира
Песков: Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад
20:00 03.04.2022 (Навсозишуда: 13:17 04.04.2022) Сухангӯи раисҷумҳури Русия иддао дорад, ки дер ё зуд Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус намехоҳад Аврупо ва Русия музокира кунанд, ин раванд дер ё зуд сурат хоҳад гирифт.
Вай дар мусоҳиба бо Павел Зарубин, муҷрии барномаи “Маскав, Кремл, Путин”, ки дар шабакаи телевизионии “Россия-1” намоиш дода мешавад, гуфт: “Дер ё зуд мо бояд гуфтугӯ кунем, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус инро мехоҳад ё не”.
Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Музокироти ахири ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия сурат гирифт. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.