https://sputnik.tj/20220403/hamkorihoi-farhangii-rusiya-tojikiston-gustarish-1047318237.html
Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбанд
Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон Русия дар дидор бо вазири фарҳанги Русия густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд
2022-04-03T18:50+0500
2022-04-03T18:50+0500
2022-04-04T13:30+0500
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамкорӣ
фарҳанг
густариш
равобит
сафири тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047318184_0:0:901:506_1920x0_80_0_0_7efa1011c292a376caabb099df59ab20.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Любимова, вазири фаҳранги Русия дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додаааст котиби масъули сафорат.Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташкили теъдоде аз рӯйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷории мелодӣ иброз доштанд.Сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳанг дар ҳавзаи театри ҳирфаӣ, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон рӯ ба рушд хоҳад буд.Вазири фарҳанги Русия ба навбати худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд дар ҷиҳати истифода аз тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.Дар ин мулоқот баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муосир, сафари ҳайатҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва намоишии ду тараф ба кишварҳои якдигар ва ширкат дар рӯйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмилалӣ таъкид шуд.
https://sputnik.tj/20220403/muhojiron-tojikiston-segona-peshqadam-shahrvandi-rusiya-1047308931.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047318184_57:0:732:506_1920x0_80_0_0_7d1bd800e17c873e4aef94e6f54e4430.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, фарҳангӣ, баррасӣ, густариш, сафир, вазири фарҳанг
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, фарҳангӣ, баррасӣ, густариш, сафир, вазири фарҳанг
Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбанд
18:50 03.04.2022 (Навсозишуда: 13:30 04.04.2022) Сафири Тоҷикистон Русия дар дидор бо вазири фарҳанги Русия густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Любимова, вазири фаҳранги Русия дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додаааст котиби масъули сафорат.
Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташкили теъдоде аз рӯйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷории мелодӣ иброз доштанд.
Сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳанг дар ҳавзаи театри ҳирфаӣ, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон рӯ ба рушд хоҳад буд.
Вазири фарҳанги Русия ба навбати худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд дар ҷиҳати истифода аз тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.
Дар ин мулоқот баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муосир, сафари ҳайатҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва намоишии ду тараф ба кишварҳои якдигар ва ширкат дар рӯйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмилалӣ таъкид шуд.