https://sputnik.tj/20220402/putin-toqaev-ukraina-barrasi-1047300946.html
Путин бо Тоқаев вазъи Украинаро баррасӣ кард
Путин бо Тоқаев вазъи Украинаро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардорони Русия ва Қазоқистон вазъи Украинаро баррасӣ карданд
2022-04-02T17:00+0500
2022-04-02T17:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
қазоқистон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/79/1029057915_0:0:3114:1753_1920x0_80_0_0_d50af10d78bae08295ed558fe12a9978.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Президенти Русия Валидмир Путин ва раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат карданд.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Русия, Владимир Путин дар ин суҳбат ба ҳамтои қазоқи худ дар бораи амалиёт барои ҳифзи Донбасс ва рафти музокироти Русия ва Украина иттилоъ додааст."Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс ва ҳамчунин дар бораи музокироти намояндагони Русия ва Украина иттилоъ дод", — омадааст дар хабар. Ба иттилои дафтари матбуотии Кремл, илова бар ин президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар чорчӯби иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ кардаанд."Мавзуъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои амалии рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё баррасӣ шуд. Тарафҳо таҳкими ҳамаҷониба, муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Русияву Қазоқистонро тасдиқ карданд”, - омадааст дар хабар.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомсозии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорон содиркунандаи "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.Ҳайатҳои Русия ва Украина чаҳор марҳилаи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯро дар Беларус ва Туркия анҷом дода, инчунин чанд бор онлайнӣ мулоқот карданд.
https://sputnik.tj/20220401/medvedev-rusiya-kishvarhoi-dust-mavodi-ghizoi-tamin-1047266118.html
қазоқистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/79/1029057915_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_e21bb505566ed55da68fc23d3e9783fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, тоқаев, украина
Путин бо Тоқаев вазъи Украинаро баррасӣ кард
17:00 02.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Кишвардорони Русия ва Қазоқистон вазъи Украинаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Президенти Русия Валидмир Путин ва раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат карданд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Русия, Владимир Путин дар ин суҳбат ба ҳамтои қазоқи худ дар бораи амалиёт барои ҳифзи Донбасс ва рафти музокироти Русия ва Украина иттилоъ додааст.
"Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс ва ҳамчунин дар бораи музокироти намояндагони Русия ва Украина иттилоъ дод", — омадааст дар хабар.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кремл, илова бар ин президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар чорчӯби иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ кардаанд.
"Мавзуъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои амалии рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё баррасӣ шуд. Тарафҳо таҳкими ҳамаҷониба, муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Русияву Қазоқистонро тасдиқ карданд”, - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомсозии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорон содиркунандаи "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Ҳайатҳои Русия ва Украина чаҳор марҳилаи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯро дар Беларус ва Туркия анҷом дода, инчунин чанд бор онлайнӣ мулоқот карданд.