https://sputnik.tj/20220402/hikmatyor-ima-jabha-muqovimat-ozodi-1047294141.html
Ҳикматёр: ИМА бо чопи пул бахши зиёдашро ба Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ хоҳад дод
Ҳикматёр: ИМА бо чопи пул бахши зиёдашро ба Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон мегӯяд, Амрико бо чопи пул бахши аъзами онро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ қарор медиҳад
2022-04-02T13:02+0500
2022-04-02T13:02+0500
2022-04-02T13:02+0500
гулбиддин ҳикматёр
афғонистон
толибон
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_de883c88cfeaf048488cf15629174e1e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ дар иртибот бо хабари чопи пулҳои афғонӣ дар Амрико мегӯяд, ИМА бо чопи пул бештари онро ба Ҷабҳаҳои муқовимат ва озодӣ ва дасти бегона хоханд гузошт, навиштаанд расонаҳои Афғонистон.Раҳбари Ҳизби Исломӣ мегӯяд, ки ин масъала тамоми афғонҳоро зиёд нигарон кардааст. Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ бояд дар мулоқоти эҳтимолии ҳайати Амрико бо ҳайати толибон дар Доҳа ниҳоӣ мешуд.Вай дар хутбаи намози ҷумъаи худ афзудааст, ки ҷонибдорӣ кардани мардум дар бӯҳрони Украина ва чопи пул дар Амрико на дуруст ва на муфид аст, зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҳикматёр, ду иштибоҳи бузург ва ҷуброннопазир аст. Вай таъкид кард, ки созиш барои нашри пулҳои Афғонистон дар Амрико таслим ба бадтарин шароит бар Амрико ва такрори таҷрибаи бади ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии Раббонӣ аст. Ҳикматёр бо ишора ба лағви мулоқотҳои мақомоти амрикоӣ бо толибон дар Қатар, ҳукумати навро ба нақзи тааҳҳудоти худ дар мавриди мактабҳои духтаронаи Амрико муттаҳам кард ва гуфт: "Иёлоти Муттаҳида дар гузашта бо баҳонаҳои бардурӯғ ин корро борҳо анҷом додааст. Вай музокиротро ба таври якҷониба ва ғайричашмдошт қатъ кард, аммо дубора оғоз кард”.Ба бовари ӯ, қатъи музокирот далели дигаре аст, ки мустақиман ба сафари ногаҳонӣ ва ҳамзамон вазири умури хориҷаи Чин ва фиристодаи вижаи Путин ба Афғонистон иртибот дорад. Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле чунин мегӯяд, ки ҳудуди 5 миллион нафар пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби толибон кишварро тарк карданд. Бо тасарруфи толибон, бекорӣ афзоиш ёфтаву фақру нодорӣ ба авҷ расидааст.Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.Ҷабҳаи озодӣ бошад, аз ҷониби генераз Ёсин Зиё моҳе қабл эълони мавҷудият кард ва ҳоло амалиёти густурда дорад.Ҳамакнун ҳарду нерӯ дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.
https://sputnik.tj/20220330/didboni-huquqi-bashar-mani-safari-tolibon-1047200036.html
https://sputnik.tj/20220219/pul-namedihad-hikmatyor-ima-qassos-shikast-1046058419.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_40:0:761:541_1920x0_80_0_0_812938d3e93960323594c2381c755170.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳикматёр има пул ҷабҳаи муқовиматҷабҳаи озодӣ
ҳикматёр има пул ҷабҳаи муқовиматҷабҳаи озодӣ
Ҳикматёр: ИМА бо чопи пул бахши зиёдашро ба Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ хоҳад дод
Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон мегӯяд, Амрико бо чопи пул бахши аъзами онро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ қарор медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ дар иртибот бо хабари чопи пулҳои афғонӣ дар Амрико мегӯяд, ИМА бо чопи пул бештари онро ба Ҷабҳаҳои муқовимат ва озодӣ ва дасти бегона хоханд гузошт, навиштаанд расонаҳои Афғонистон.
Раҳбари Ҳизби Исломӣ мегӯяд, ки ин масъала тамоми афғонҳоро зиёд нигарон кардааст. Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ бояд дар мулоқоти эҳтимолии ҳайати Амрико бо ҳайати толибон дар Доҳа ниҳоӣ мешуд.
Вай дар хутбаи намози ҷумъаи худ афзудааст, ки ҷонибдорӣ кардани мардум дар бӯҳрони Украина ва чопи пул дар Амрико на дуруст ва на муфид аст, зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҳикматёр, ду иштибоҳи бузург ва ҷуброннопазир аст.
Вай таъкид кард, ки созиш барои нашри пулҳои Афғонистон дар Амрико таслим ба бадтарин шароит бар Амрико ва такрори таҷрибаи бади ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии Раббонӣ аст.
Ҳикматёр бо ишора ба лағви мулоқотҳои мақомоти амрикоӣ бо толибон дар Қатар, ҳукумати навро ба нақзи тааҳҳудоти худ дар мавриди мактабҳои духтаронаи Амрико муттаҳам кард ва гуфт: "Иёлоти Муттаҳида дар гузашта бо баҳонаҳои бардурӯғ ин корро борҳо анҷом додааст. Вай музокиротро ба таври якҷониба ва ғайричашмдошт қатъ кард, аммо дубора оғоз кард”.
Ба бовари ӯ, қатъи музокирот далели дигаре аст, ки мустақиман ба сафари ногаҳонӣ ва ҳамзамон вазири умури хориҷаи Чин ва фиристодаи вижаи Путин ба Афғонистон иртибот дорад.
Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле чунин мегӯяд, ки ҳудуди 5 миллион нафар пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби толибон кишварро тарк карданд. Бо тасарруфи толибон, бекорӣ афзоиш ёфтаву фақру нодорӣ ба авҷ расидааст.
Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.
Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
Ҷабҳаи озодӣ бошад, аз ҷониби генераз Ёсин Зиё моҳе қабл эълони мавҷудият кард ва ҳоло амалиёти густурда дорад.
Ҳамакнун ҳарду нерӯ дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.