https://sputnik.tj/20220401/tojikiston-shabaka-televizioni-kor-1047274023.html
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Маҷрои кори телевизиони навтаъсиси муаррифии бахши сайёҳӣ ва намоишу рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар аст
2022-04-01T17:00+0500
2022-04-01T17:00+0500
2022-04-01T17:25+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
телевизион
кумитаи телевизион ва радио
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/17/1030021749_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_2dc6fad626c480b794ccbba121ff11a8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон шабакаи нави телеҷизиони давлатӣ бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба кор оғоз кард.Дар ин бора Кумитаи радио ва телевизиони кишвар гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи телевизион бо иштироки намояндагони баландпоя имрӯз, 1 апрел сурат гирифтааст.Гуфта мешавад, ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин як телевизион огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.Ҳамзамон фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҳадафҳои дигари ин муассисаи навтаъсис арзёбӣ мегардад.Шабака дар кӯчаи Айнии пойтахт, дар бинои Пажуҳишгоҳи давлатии илмию тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.Қаблан Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион гуфта буд, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосир ворид гардида, ҳукумат аллакай телевизиони ҷадидро бо дафтари корӣ таъмин кардааст.Маврид ба зикр аст, ки раҳбарии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро Амирзода Дилафрӯз Субҳон ба зимма дорад.Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.Таъкид шудааст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20220208/ostankino-dushanbe-naqshai-nuriddin-said-1045618721.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/17/1030021749_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_dbaf4315d2c5219342a2ec07f786ee83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон шабака нав телевизионӣ кор
тоҷикистон шабака нав телевизионӣ кор
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард
17:00 01.04.2022 (Навсозишуда: 17:25 01.04.2022) Маҷрои кори телевизиони навтаъсиси муаррифии бахши сайёҳӣ ва намоишу рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар аст
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон шабакаи нави телеҷизиони давлатӣ бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба кор оғоз кард.
Дар ин бора Кумитаи радио ва телевизиони кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи телевизион бо иштироки намояндагони баландпоя имрӯз, 1 апрел сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин як телевизион огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҳадафҳои дигари ин муассисаи навтаъсис арзёбӣ мегардад.
Шабака дар кӯчаи Айнии пойтахт, дар бинои Пажуҳишгоҳи давлатии илмию тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.
Қаблан Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион гуфта буд, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосир ворид гардида, ҳукумат аллакай телевизиони ҷадидро бо дафтари корӣ таъмин кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки раҳбарии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро Амирзода Дилафрӯз Субҳон ба зимма дорад.
Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.
Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.
Таъкид шудааст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият мекунанд.