https://sputnik.tj/20220401/tojikiston-covid-19-masuniyat-1047252244.html
Дар Тоҷикистон зидди COVID-19 масунияти оммавӣ ташаккул ёфтааст
Дар Тоҷикистон зидди COVID-19 масунияти оммавӣ ташаккул ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Аксари сокинони Тоҷикистон пурра зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд
2022-04-01T09:00+0500
2022-04-01T09:00+0500
2022-04-01T12:27+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027828_0:166:3073:1894_1920x0_80_0_0_110d0bdb3780a75fa0da19811b218dfe.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон иммунитети омма алайҳи сирояти коронавирус ташаккул ёфтааст. Дар ин бора гузориши Вазорати тандурустии кишвар шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ, то 27 марти соли 2022 беш аз 5 миллион нафар бар зидди COVID-19 эм карда шуданд, ки 92,2% аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад. Вояи дуюми доруро 4,9 миллион нафар (87,5%) гирифтаанд. Зиёда аз як миллион нафар (19,5 фоиз) то имрӯз дубора эм карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки 17 феврал дар кишвар 3 ҳолати охирини сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 дар Тоҷикистон 17388 нафар бемор шуда, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷон доданд. Раҳбати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюге чанде пеш гуфта буд, ки масунияти оммавӣ бо 80% одамоне, ки бар зидди COVID-19 ваксина шудаанд, ташаккул меёбад. Ҳамин тариқ метавон гуфт, дар Тоҷикистон масунияти оммавӣ бар зидди COVID-19 ташаккул ёфтааст. СҶБ ҳушдор дод, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад будСаидбек Сатторов, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавзеҳ дод, ин ба он маъност, ки ҳангоми дарёфти антитело дар қисми зиёди аҳолӣ паҳншавии сироят суст ва ҳатто қатъ мешавад. Ёдовар мешавем, ки ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 дар кишвар барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст. Дар ҷумҳурӣ метавон бо яке аз ин 5 дору – "Sputnik V", "AstraZeneсa", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон ваксина гирифт.
https://sputnik.tj/20220326/karantin-tamom-shifokhona-siroyat-reja-1047094290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027828_14:0:2745:2048_1920x0_80_0_0_f746d0649a7e93fe8da7f03547039bbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, пирӯз
тоҷикистон, коронавирус, пирӯз
Дар Тоҷикистон зидди COVID-19 масунияти оммавӣ ташаккул ёфтааст
09:00 01.04.2022 (Навсозишуда: 12:27 01.04.2022) Аксари сокинони Тоҷикистон зидди коронавирус пурра моякӯбӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон иммунитети омма алайҳи сирояти коронавирус ташаккул ёфтааст. Дар ин бора гузориши Вазорати тандурустии кишвар шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ, то 27 марти соли 2022 беш аз 5 миллион нафар бар зидди COVID-19 эм карда шуданд, ки 92,2% аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми доруро 4,9 миллион нафар (87,5%) гирифтаанд. Зиёда аз як миллион нафар (19,5 фоиз) то имрӯз дубора эм карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки 17 феврал дар кишвар 3 ҳолати охирини сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 дар Тоҷикистон 17388 нафар бемор шуда, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷон доданд.
Раҳбати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюге чанде пеш гуфта буд, ки масунияти оммавӣ бо 80% одамоне, ки бар зидди COVID-19 ваксина шудаанд, ташаккул меёбад.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, дар Тоҷикистон масунияти оммавӣ бар зидди COVID-19 ташаккул ёфтааст.
Саидбек Сатторов, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавзеҳ дод, ин ба он маъност, ки ҳангоми дарёфти антитело дар қисми зиёди аҳолӣ паҳншавии сироят суст ва ҳатто қатъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 дар кишвар барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст. Дар ҷумҳурӣ метавон бо яке аз ин 5 дору – "Sputnik V", "AstraZeneсa", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон ваксина гирифт.