https://sputnik.tj/20220401/smm-manotiq-dargir-zindagi-1047254311.html
СММ: Ду миллиард нафар дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд
СММ: Ду миллиард нафар дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони милал гуфт, ҷаҳон аз соли 1945, ки ҷанги ҷаҳонии дувум ба поён расид, бо болотарин теъдоди даргириҳои хушунатбор мувоҷеҳ аст
2022-04-01T11:00+0500
2022-04-01T11:00+0500
2022-04-01T14:57+0500
смм
антониу гуттериш
даргирӣ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/82/1022308206_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_4b7a03408389145f48e8ac8d461ef8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр– Sputnik. Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар Комиссиюни сулҳи СММ афзуд, ду миллиард нафар имрӯз дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд, иттилоъ додааст "Associated Press".Вай ба даргириҳо дар Яман, Сурия, Мянмор, Судон, Гаитӣ, Соҳили Африқо ва Украина ишора карда гуфт, ин фоҷеаҳо пояҳои назми байналмилалиро мутазалзил мекунанд.Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, соли гузашта 84 миллион нафар ба иллати даргирӣ, хушунат ва нақзи ҳуқуқи башар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.“Албатта, ин шомили ҷанги Украина намешавад, ки ба гуфтаи ниҳодҳои Созмони Милал, муҷиб шудааст, то кунун чаҳор миллион нафар аз кишвари худ бигурезанд ва 6,5 миллион нафар низ дар дохили кишвар овора шаванд”, - гуфт ӯ.Гутерриш дар такия ба таҳлилҳои Созмони Милал гуфт, имсол дастикам 274 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.
https://sputnik.tj/20220320/smm-afghoniston-badbakhtarin-kishvar-1046943553.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/82/1022308206_106:0:2835:2047_1920x0_80_0_0_bd919ac0b8672bfb21620115273d2a24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, даргирӣ, зиндагӣ, манотиқ
смм, даргирӣ, зиндагӣ, манотиқ
СММ: Ду миллиард нафар дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд
11:00 01.04.2022 (Навсозишуда: 14:57 01.04.2022) Дабири кулли Созмони Милал гуфт, ҷаҳон аз соли 1945, ки Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба поён расид, бо болотарин теъдоди даргириҳои хушунатбор мувоҷеҳ аст
ДУШАНБЕ, 1 апр– Sputnik. Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар Комиссиюни сулҳи СММ афзуд, ду миллиард нафар имрӯз дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд, иттилоъ додааст "Associated Press".
Вай ба даргириҳо дар Яман, Сурия, Мянмор, Судон, Гаитӣ, Соҳили Африқо ва Украина ишора карда гуфт, ин фоҷеаҳо пояҳои назми байналмилалиро мутазалзил мекунанд.
“Аз марзҳо мегузарад ва муҷиби афзоиши сарсомовари қимати маводи ғизоӣ ва сӯхт мешавад, ки фоҷеае барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст”, - қайд кард Антониу Гутерриш.
Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, соли гузашта 84 миллион нафар ба иллати даргирӣ, хушунат ва нақзи ҳуқуқи башар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.
“Албатта, ин шомили ҷанги Украина намешавад, ки ба гуфтаи ниҳодҳои Созмони Милал, муҷиб шудааст, то кунун чаҳор миллион нафар аз кишвари худ бигурезанд ва 6,5 миллион нафар низ дар дохили кишвар овора шаванд”, - гуфт ӯ.
Гутерриш дар такия ба таҳлилҳои Созмони Милал гуфт, имсол дастикам 274 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.