Раҳмон: Масҷид макони тоату ибодат ва тарбияи маънавии мусалмонон аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамозон хотиррасон шудааст, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мардуми Тоҷикистон бояд ба одоби масҷидравӣ диққат диҳанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон дар ин паёмаш қайд кардааст, ки масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.
“Худованд дар сураи “Ҷумъа”-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – “Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …”. Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамзамон роҳбари Тоҷикистон қайд кард, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон муҳим мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Раҳмон: Аз зоҳирпарастиву оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона худдорӣ кунед
“Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем. Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии тоҷикон аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.
Лентаи хабарҳо
0