https://sputnik.tj/20220401/rahmon-mandum-tojikiston-farorasi-ramazon-tabrik-1047255394.html
Раҳмон мандуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт
Раҳмон мандуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумуҳри Тоҷикистон дар паёмаш шодбошиаш ба мардуми кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу кардааст
2022-04-01T09:44+0500
2022-04-01T09:44+0500
2022-04-01T12:32+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
табрикот
рамазон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046636846_0:182:2049:1334_1920x0_80_0_0_5be9ebe350f7afc1c704a0ffbda2692d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ мардуми кишварро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу намуд.Вай гуфт, моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон бовар дорад, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми кишвари айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.
https://sputnik.tj/20220330/suporish-rahmon-ramazon-shahrvandon-mavod-niyoz-avval-tamin-1047212399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046636846_21:0:1838:1363_1920x0_80_0_0_091a93bf86d461be98e28b0f314638a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рамазон, эмомалӣ раҳмон, табрикот, раисҷумҳур
тоҷикистон, рамазон, эмомалӣ раҳмон, табрикот, раисҷумҳур
Раҳмон мандуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт
09:44 01.04.2022 (Навсозишуда: 12:32 01.04.2022) Раисҷумуҳри Тоҷикистон дар паёмаш шодбошиаш ба мардуми кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу кардааст
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ мардуми кишварро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу намуд.
Вай гуфт, моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.
“Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусалмони савобҷӯ мебошанд”, - қайд кард роҳбари давлат.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон бовар дорад, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми кишвари айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.