Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия дар Украина "режими хомӯшӣ" эълон кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЖители Украины
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Амалиёти башардӯстона дар Мариупол аз соати 10-и субҳи 31 март оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҷониби Русия як долони иловагии башардӯстона барои кӯчонидани мардуми осоишта аз Мариупол ба Запороже боз мекунад.
Дар ин бора раиси Маркази назорати миллии дифои Федератсияи Русия генерал-полковник Михаил Мизинтсев хабар дод.
Гуфта мешавад, ки "режими хомӯшӣ" дар Мариупол аз 31 март, аз соати 10:00 (бо вақти Маскав) роҳандозӣ мешавад.

"Қувваҳои мусаллаҳи Русия танҳо бо ҳадафҳои башардӯстона аз соати 10:00-и 31 марти соли 2022 "режими хомӯшӣ" эълон карда, долони иловагии башардӯстонаро барои берун бурдани ғайринизомиён ва шаҳрвандони хориҷӣ аз Мариупол ба Запороже (бо нуқтаи мобайнӣ дар Бердянск) мекушоянд",- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи фармондеҳи низомӣ, амалиёти башардӯстона бо ширкати намояндагони Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх сурат хоҳад гирифт.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин аз мақомоти Киев кафолати амниятӣ дар долони башардӯстона аз Мариупол то Запорожеро тақозо кардааст.
Военные учения в нижегородский лесах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶМД ваъда дод, ки зархаридони хориҷиро ба суд мекашад
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Бар асоси натоиҷи даври савуми нишаст дар қаламрави Беларус, дар мавриди ифтитоҳи долонҳои башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд.
Аммо ҷониби Украина борҳо роҳи гузаргоҳи ғайринизомиёнро баст.
Лентаи хабарҳо
0