https://sputnik.tj/20220331/lukashenko-rusiya-davat-korkhona-mushtarak-tasis-1047228482.html
Лукашенко аз Русия даъват кард, ки корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд
Лукашенко аз Русия даъват кард, ки корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Беларус пешниҳод намуд, ки кишвараш бо Русия бояд корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд 31.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-31T16:30+0500
2022-03-31T16:30+0500
2022-03-31T19:47+0500
беларус
дар русия
саноат
александр лукашенко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291214_0:0:3028:1703_1920x0_80_0_0_c53702c7ebf40bc21fbec1944e32cc30.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, Минск ва Маскав бояд дар таъсиси корхонаҳои муштарак фаъолтар бошанд ва таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ худ аз худ кишварҳоро ба сатҳи равобити иттифоқӣ, ки бояд миёни онҳо вуҷуд дошта бошад, мерасонанд. "Самти махсусе, ки мо пайваста бо раисҷумҳури Русия таъкид мекунем, ин таъсиси фаъоли корхонаҳои муштарак аст. Дар ин ҷо ва махсусан дар минтақаи Шумо, дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, илму техника", - гуфт Лукашенко дар суҳбат бо губернатори вилояти Пензаи Русия Олег Мелниченко.Ба гуфтаи Лукашка, ӯ ва ҳамтои русаш Владимир Путин ба мувофиқа расидаанд, ки ҷонибҳо аз зарфият ва таҳаввулоти ҳамдигар дар бахшҳои муайян истифода кунанд.Ба таъкиди Лукашенко, маҳз иқтисод пояи ҳама гуна равобит аст ва дар ин самт бояд корҳои зиёде анҷом дод.
https://sputnik.tj/20220319/lukashenko-rusiya-ukraina-kishvar-belorus-1046921701.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291214_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_3f572f3a94da2674ba8bc3062fd37e60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус, дар русия, саноат, александр лукашенко
беларус, дар русия, саноат, александр лукашенко
Лукашенко аз Русия даъват кард, ки корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд
16:30 31.03.2022 (Навсозишуда: 19:47 31.03.2022) Кишвардори Беларус пешниҳод намуд, ки кишвараш бо Русия бояд корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, Минск ва Маскав бояд дар таъсиси корхонаҳои муштарак фаъолтар бошанд ва таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ худ аз худ кишварҳоро ба сатҳи равобити иттифоқӣ, ки бояд миёни онҳо вуҷуд дошта бошад, мерасонанд.
"Самти махсусе, ки мо пайваста бо раисҷумҳури Русия таъкид мекунем, ин таъсиси фаъоли корхонаҳои муштарак аст. Дар ин ҷо ва махсусан дар минтақаи Шумо, дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, илму техника", - гуфт Лукашенко дар суҳбат бо губернатори вилояти Пензаи Русия Олег Мелниченко.
Ба гуфтаи Лукашка, ӯ ва ҳамтои русаш Владимир Путин ба мувофиқа расидаанд, ки ҷонибҳо аз зарфият ва таҳаввулоти ҳамдигар дар бахшҳои муайян истифода кунанд.
"Мо бояд корхонаҳои муштарак бунёд кунем. Он гоҳ дар бораи кадом як давлати ягона, пули ягона ва ғайра гапи зиёд намешавад. Иқтисод моро ба он сатҳ мерасонад", - гуфт роҳбари Беларус.
Ба таъкиди Лукашенко, маҳз иқтисод пояи ҳама гуна равобит аст ва дар ин самт бояд корҳои зиёде анҷом дод.