https://sputnik.tj/20220331/khatlon-sohib-moshin-yori-tajili-1047221577.html
Хатлон соҳиби 15 мошини ёрии таъҷилӣ шуд
Хатлон соҳиби 15 мошини ёрии таъҷилӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба эҳтимоли зиёд ин мошинҳое ҳастанд, ки Ҷопон ба Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи беҳдоштӣ ирсол карда буд
2022-03-31T12:45+0500
2022-03-31T12:45+0500
2022-03-31T21:01+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
мошинҳои ёрии таъҷилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042098865_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_11bfe406a610183c1ce1c6ba229a3fb4.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар як моҳи охир 15 адад мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд.Дар ин бора "Фараж" аз қавли сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Шарифзода Шайдулло хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мошинҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода шуданд.Гуфта мешавад, барои расонидани ёрии аввалия ба сокинони ин вилоят, ирсоли боз чанд мошини дигар дар назар аст.Дар ҳамин ҳол, роҳбари Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар афзудааст, ки солҳои пеш чунин мошинҳо камчин буданд ва имкони ба мардум расаондани кумаки аввалияи тиббӣ ниҳоят мушкил буд.Соли гузашта, ба шаҳри Бохтар ду мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд ва соли равон низ Вазорати тандурустӣ ваъда додааст, ки чанд мошини дигарро ба бохтар интиқол медиҳанд.Бо дастрас кардани чанд мошини дигар мушкили сокинон бартараф мешавад.Ёдовар мешавем, қаблан Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд, тақдим карда буд.Ҳамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя карда буд.Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.
https://sputnik.tj/20220315/bonki-jahoni-vokunish-koronavirus-tojikiston-dollar-1046804964.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042098865_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_594baea80db684633d7d0a3d11cd5530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон мошини ёрии таъҷилӣ
хатлон мошини ёрии таъҷилӣ
Хатлон соҳиби 15 мошини ёрии таъҷилӣ шуд
12:45 31.03.2022 (Навсозишуда: 21:01 31.03.2022) Қаблан шаҳру навоҳии ин вилоят аз набудани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешуданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар як моҳи охир 15 адад мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд.
Дар ин бора "Фараж" аз қавли сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Шарифзода Шайдулло хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мошинҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода шуданд.
Гуфта мешавад, барои расонидани ёрии аввалия ба сокинони ин вилоят, ирсоли боз чанд мошини дигар дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар афзудааст, ки солҳои пеш чунин мошинҳо камчин буданд ва имкони ба мардум расаондани кумаки аввалияи тиббӣ ниҳоят мушкил буд.
Соли гузашта, ба шаҳри Бохтар ду мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд ва соли равон низ Вазорати тандурустӣ ваъда додааст, ки чанд мошини дигарро ба бохтар интиқол медиҳанд.
Бо дастрас кардани чанд мошини дигар мушкили сокинон бартараф мешавад.
Ёдовар мешавем, қаблан Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд, тақдим карда буд.
Ҳамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя карда буд.
Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.