https://sputnik.tj/20220330/vazorat-mudofia-bahori-qonun-surat-1047190693.html
Вазорати мудофиа: Даъвати баҳорӣ дар доираи қонун сурат гирад
Вазорати мудофиа: Даъвати баҳорӣ дар доираи қонун сурат гирад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур додааст, ки даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар доираи қонунгузорӣ сурат гирад
2022-03-30T12:23+0500
2022-03-30T12:23+0500
2022-03-30T13:41+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
сарбоз
гузориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/39/1026753949_0:105:2049:1257_1920x0_80_0_0_17ee97b0e588c696922b5ee1f3e56b1d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳории наваскаронро, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, баррасӣ кард. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъкид гардид, ки даъват дар сатҳи баланд баргузор карда шавад. "Мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи роҳбарияти мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монанд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид ба риояи қонунгузорӣ дар даъвати баҳорӣ дар ҳолест, ки дар мавсимҳои гузашта аз шеваҳои ғайриқонунии сарбозшикор, ба истилоҳ "облава" шикоятҳо ҷой доштанд. Дар ҳоле ки генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.Вазири мудофиа ахиран дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом меёбад.
https://sputnik.tj/20220330/jalasa-general-tojik-difo-davat-bahori-1047186520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/39/1026753949_116:0:1931:1361_1920x0_80_0_0_42956c8ceff434fa70acfceee5ee2878.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, даъват, қонунӣ, наваскарон, хидмат
дастур, даъват, қонунӣ, наваскарон, хидмат
Вазорати мудофиа: Даъвати баҳорӣ дар доираи қонун сурат гирад
12:23 30.03.2022 (Навсозишуда: 13:41 30.03.2022) Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳории наваскаронро, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъкид гардид, ки даъват дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.
"Мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи роҳбарияти мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид ба риояи қонунгузорӣ дар даъвати баҳорӣ дар ҳолест, ки дар мавсимҳои гузашта аз шеваҳои ғайриқонунии сарбозшикор, ба истилоҳ "облава" шикоятҳо ҷой доштанд.
Дар ҳоле ки генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Вазири мудофиа ахиран дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом меёбад.