https://sputnik.tj/20220330/taghyir-safar-tojikistonu-uzbekiston-1047196146.html
Маҷлиси намояндагон тағйири қоидаҳои сафар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро қабул кард
Маҷлиси намояндагон тағйири қоидаҳои сафар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд давоми 10 рӯзи корӣ аз уҳдадории қайди муваққатӣ дар мақомоти кишвари мизбон озод мешаванд
2022-03-30T15:00+0500
2022-03-30T15:00+0500
2022-03-30T18:56+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
сайёҳӣ
сафир
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988608_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d4e7beaa00d265975c05b0a43cc5eb03.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди мусофирати мутақобиларо ба тасвиб расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар додааст. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон моҳи июни соли 2021 дар ҳузури сарони давлатҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Душанбе имзо шуда буд. Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси намояндагон ахиран дар шарҳи тағйирот ба созишнома гуфт, солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст. Ӯ афзуд, баъзан шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирӣ бинобар камии муҳлат дучори мушкил мешаванд ва аз ин лиҳоз тағйирот ба созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид карда шуд.Бар асоси ин тағйирот, мусофирон аз ду кишвар аз сабти иқомат тайи 10 рӯз озоданд."Шаҳрвандони тарафҳо аз уҳдадории қайди иқомати муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати мизбон ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштан аз сарҳади давлатӣ озод мешаванд", - таъкид намуд вакил.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни омадурафти шаҳрвандонро бекор карданд.Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон карда буд, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
https://sputnik.tj/20220328/tojikiston-mizbon-jashnvora-film-uzbek-1047136069.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988608_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_eae19de47657044d7277c7361eeda573.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйир, қоида, сафар, тоҷикистон, ӯзбекистон
тағйир, қоида, сафар, тоҷикистон, ӯзбекистон
Маҷлиси намояндагон тағйири қоидаҳои сафар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро қабул кард
15:00 30.03.2022 (Навсозишуда: 18:56 30.03.2022) Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд давоми 10 рӯзи корӣ аз уҳдадории қайди муваққатӣ дар мақомоти кишвари мизбон озод мешаванд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди мусофирати мутақобиларо ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар додааст. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон моҳи июни соли 2021 дар ҳузури сарони давлатҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Душанбе имзо шуда буд.
Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси намояндагон ахиран дар шарҳи тағйирот ба созишнома гуфт, солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуд, баъзан шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирӣ бинобар камии муҳлат дучори мушкил мешаванд ва аз ин лиҳоз тағйирот ба созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид карда шуд.
Бар асоси ин тағйирот, мусофирон аз ду кишвар аз сабти иқомат тайи 10 рӯз озоданд.
"Шаҳрвандони тарафҳо аз уҳдадории қайди иқомати муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати мизбон ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштан аз сарҳади давлатӣ озод мешаванд", - таъкид намуд вакил.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни омадурафти шаҳрвандонро бекор карданд.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон карда буд, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.