Раҳмон аз ташкили хатсайрҳои нави парвоз бо нархи дастрас ва ҷалби сайёҳон гуфт

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Дар маҷлиси ҳукумат масъалаҳое чун ҷалби бештари сайёҳон ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нави парвоз баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 30 март маҷлиси васеи ҳукумат баргузор кард, масъалаҳои зиёдро мавриди баррасӣ қарор дод ва ба масъулони ин ё он соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Аз ҷумла роҳбари давлат ба ташкили хатсайрҳои нави парвоз таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои ҷалб кардани теъдоди зиёди сайёҳон бояд хатсайрҳои нави парвоз бо нархи дастрас ташкил карда шаванд.
Дар баробари ин президент ба масъулин супориш дод, ки дар самти ташкил ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нав бояд сатҳи хидматрасонӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки қаблан Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Раҳмон: Дар Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал таъмин кунед
Дар моҳи феврал қимати билетҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва агентӣ аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.
“Аз мавсими нав новобаста аз боло рафтани қурби доллар ширкатҳо ба агентӣ тааҳҳуд супурданд, ки нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло нахоҳанд бурд. Дар акси ҳол агентӣ ин ҳақро хоҳад дошт, ки ҳаққи парвозро аз онҳо бигирад”, - гуфт манбаъ.
Дар моҳи феврали соли равон ширкатҳои ҳавонавардӣ қимати билетҳоро якбора 100% боло бурданд ва нархи ҳадди ақали як билет ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин муҷиби норизоиятиҳо мусофирин, қабл аз ҳама муҳоҷирини меҳнатӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0