https://sputnik.tj/20220330/maqomot-sukhtor-oilai-uzbekistoni-1047198048.html
Мақомоти тоҷик тафсилоти сӯхтореро, ки як оилаи ӯзбекистониро кушт, ироа карданд
Мақомоти тоҷик тафсилоти сӯхтореро, ки як оилаи ӯзбекистониро кушт, ироа карданд
Sputnik Тоҷикистон
Падари хонадон кӯдаконро дар хона қулф карда, ба бозор рафтааст ва баъдан зимни талоши наҷоти онҳо аз манзили оташгирифта худаш низ ҳамроҳи фарзандон ҷон додаст
2022-03-30T15:31+0500
2022-03-30T15:31+0500
2022-03-30T18:41+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
оила
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044068761_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_f04176752c46727d27e833cd8902b0ff.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар шаҳри Бохтарро, ки бар асари он 3 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд, беназоратии кӯдакон гуфтаанд.Ба иттилои хабаргузории "Pressa.tj", ин фоҷиа 27 март рух додааст, аммо тафсилоти он тоза дастраси расонаҳо гардидааст. Манбаъ аз қавли Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар овардааст, ки падари хонадон кӯдаконро дар хона танҳо монда, ба бозор барои харид меравад."Дар набудани ӯ сӯхтор сар мезанад. Ҳамсояҳо дарро мешикананд, вале дохили хона шуда наметавонанд. Падар низ баробари расидан ба дохили хона ворид шуда, мехоҳад кӯдаконро ба берун барорад, аммо аз дуд ва алангаи зиёди оташ ба ҳалокат мерасад", - изҳор дошт Бегиҷонзода.Ин мақомдор афзуд, замоне ки оташнишонҳо ба ҷои ҳодиса расидаанд, аъзои оила аллакай ҷон дода буданд. Аз қурбониён сокини ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ном бурда мешавад, ки дар шаҳри Бохтар дар хонаи иҷора иқомат мекарданд. Ба гуфтаи Бегиҷонзода, агар падари кӯдакон дарро ба рӯяшон маҳкам намекард, ба эҳтимоли зиёд кӯдакон зинда мемонданд. Ӯ афзуд, ки ҷасадҳои падар ва 2 кӯдакро барои дафн ба Ӯзбекистон бурдаанд.
https://sputnik.tj/20220316/aks-payomad-sukhtor-sughd-1046846939.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044068761_162:0:1602:1080_1920x0_80_0_0_53a5ae6f0321d68c4be17a687f1fe393.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, сӯхтор, бохтар, оила, ӯзбекистон
тафсилот, сӯхтор, бохтар, оила, ӯзбекистон
Мақомоти тоҷик тафсилоти сӯхтореро, ки як оилаи ӯзбекистониро кушт, ироа карданд
15:31 30.03.2022 (Навсозишуда: 18:41 30.03.2022) Падари хонадон кӯдаконро дар хона қулф карда, ба бозор рафтааст ва баъдан, зимни талоши наҷоти онҳо аз манзили оташгирифта худаш низ ҳамроҳи фарзандон ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар шаҳри Бохтарро, ки бар асари он 3 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд, беназоратии кӯдакон гуфтаанд.
Ба иттилои хабаргузории "Pressa.tj", ин фоҷиа 27 март рух додааст, аммо тафсилоти он тоза дастраси расонаҳо гардидааст.
Манбаъ аз қавли Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар овардааст, ки падари хонадон кӯдаконро дар хона танҳо монда, ба бозор барои харид меравад.
"Дар набудани ӯ сӯхтор сар мезанад. Ҳамсояҳо дарро мешикананд, вале дохили хона шуда наметавонанд. Падар низ баробари расидан ба дохили хона ворид шуда, мехоҳад кӯдаконро ба берун барорад, аммо аз дуд ва алангаи зиёди оташ ба ҳалокат мерасад", - изҳор дошт Бегиҷонзода.
Ин мақомдор афзуд, замоне ки оташнишонҳо ба ҷои ҳодиса расидаанд, аъзои оила аллакай ҷон дода буданд.
Аз қурбониён сокини ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ном бурда мешавад, ки дар шаҳри Бохтар дар хонаи иҷора иқомат мекарданд.
Ба гуфтаи Бегиҷонзода, агар падари кӯдакон дарро ба рӯяшон маҳкам намекард, ба эҳтимоли зиёд кӯдакон зинда мемонданд.
Ӯ афзуд, ки ҷасадҳои падар ва 2 кӯдакро барои дафн ба Ӯзбекистон бурдаанд.