Лавров: Ғарб кӯшиш мекунад, ки Украинаро ба Афғонистони дувум табдил диҳад

© POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия Ғарбро дар талош барои табдили Украина ба Афғонистони дувум муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия вазъи кунунии Украинаро талоши Ғарб барои эҷоди Афғонистони дувум номид.
Дар ин бора вазир дар дидор бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ҳамтои покистониаш дар Чин дар савумин нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт.
"Онҳое, ки мехостанд Афғонистонро ба маркази сиёсати ҷаҳонӣ табдил диҳанд, ҳоло кӯшиш мекунанд, ки Афғонистонро бо Украина иваз кунанд. Ва мо ҳама дарк мекунем, ки ин чӣ аст", - гуфт Лавров.
Ёдовар мешавем, Сергей Лавров бо як сафари дурӯза дар Чин қарор дорад ва дар ҷараёни он дар конфронси сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва "сегона"-и густурда барои Афғонистон (Русия, Чин, ИМА ва Покистон) ширкат хоҳад кард.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Дар ҳамин ҳол Чин низ дар ин конфронс дар бораи Украина изҳорот дод. Ван И, вазири умури хориҷии Чин зарур шумурд, ки аз буҳрони Украина сабақ гирифта, ба нигарониҳои қонунии амниятии ҳама ҷонибҳо вокуниш нишон дода шавад.
Ӯ қайд кард, ки барпо намудани системаи самарабахшу устувори амнияти Аврупо ниҳоят зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0