https://sputnik.tj/20220330/hayat-dushanbe-muloqoti-hamsoya-afghoniston-1047185645.html
Кӣ ҳайати Душанберо дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон ва толибҳо роҳбарӣ мекунад?
Кӣ ҳайати Душанберо дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон ва толибҳо роҳбарӣ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар Чин баргузор мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намекунад
2022-03-30T10:01+0500
2022-03-30T10:01+0500
2022-03-30T13:11+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
вазорат
хориҷӣ
сироҷиддин муҳриддин
афғонистон
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_a1b12bf43c84128eac446beabab866b8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти сеюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ҳамсояи Афғонистон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи ҶТ роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон, ки 31 март дар Чин дар назар аст, дар баробари кишвари мизбон инчунин ҳайатҳои Русия, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Инчунин ҳайати толибҳо дар ин мулоқот ҳузур хоҳанд дошт. Таъкид шудааст, ки дар нишаст масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақаӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бармеоянд, баррасӣ мешаванд. Ахиран Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия тасдиқ кард, ки дар мулоқоти тарҳрезишуда дар Чин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ФР иштирок мекунад. Дар доираи ин нишаст мулоқоти дипломатҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон пешбинӣ шудааст."Мулоқоти мазкур имкони хубест барои ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ", - изҳор дошт Захарова.Мулоқоти қаблии вазирони умури хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар он мулоқот ҳайати толибҳо иштирок надоштанд.Дар мулоқоти қаблӣ дар Теҳрон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон буда, муътақид аст, ки ба он метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.
https://sputnik.tj/20220326/masud-afghoniston-poygoh-terroriston-khatari-mintaqa-1047101722.html
афғонистон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_84:0:1899:1361_1920x0_80_0_0_9d9c87f2e45ac79ae93464e00d9ebf50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, мулоқот, ҳамсоя, афғонистон
душанбе, мулоқот, ҳамсоя, афғонистон
Кӣ ҳайати Душанберо дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон ва толибҳо роҳбарӣ мекунад?
10:01 30.03.2022 (Навсозишуда: 13:11 30.03.2022) Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар Чин баргузор мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намекунад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти сеюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ҳамсояи Афғонистон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи ҶТ роҳбарӣ мекунад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон, ки 31 март дар Чин дар назар аст, дар баробари кишвари мизбон инчунин ҳайатҳои Русия, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Инчунин ҳайати толибҳо дар ин мулоқот ҳузур хоҳанд дошт.
Таъкид шудааст, ки дар нишаст масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақаӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бармеоянд, баррасӣ мешаванд.
Ахиран Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия тасдиқ кард, ки дар мулоқоти тарҳрезишуда дар Чин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ФР иштирок мекунад. Дар доираи ин нишаст мулоқоти дипломатҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон пешбинӣ шудааст.
"Мулоқоти мазкур имкони хубест барои ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ", - изҳор дошт Захарова.
Мулоқоти қаблии вазирони умури хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар он мулоқот ҳайати толибҳо иштирок надоштанд.
Дар мулоқоти қаблӣ дар Теҳрон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон буда, муътақид аст, ки ба он метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.