https://sputnik.tj/20220329/rustam-emomali-almaato-raft-1047153255.html
Рустами Эмомалӣ ба Алмаато рафт
Рустами Эмомалӣ ба Алмаато рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Палатаи болоии парлумон барои иштирок дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо як сафари корӣ ба Қазоқистон рафт
2022-03-29T10:17+0500
2022-03-29T10:17+0500
2022-03-29T12:32+0500
рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон
ассамблеяи байнипарлумонии идм
сиёсат
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046465517_9:0:800:445_1920x0_80_0_0_1a8e44c4287c25749a5b7a226bdd8425.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Маҷлиси миллии кишвар. Дар Алмаато музокироти ҳайатҳои вакилони порлумони Тоҷикистону Қазоқистон аллакай баргузор шуд. Дар чаҳорчӯби ин сафари корияш Рустами Эмомалӣ бо раиси парлумони Қазоқистон Мавлон Ашимбоев мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ дахл карданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 30 фоиз зиёд аст. Кишварҳо хоҳиши тарафайнро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳор намуданд.Илова бар ин ҷонибҳо дар остонаи 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар бораи аҳамияти фаъолияти ин созмон табодули афкор намуда, ба нақши он дар таҳкими ҳамкориҳои парлумонҳои кишварҳо таъкид намуданд. Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо имзои созишномае миёни порлумонҳои ду кишвар дар ин замина густариш ёфт. Гуфта мешавад, ки раиси парлумони Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои ИДМ дар маҷмаи "Шараф", воқеъ дар боғи "28 Панфиловчӣ"-и Алмаато аллакай гулчанбар гузоштаанд.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046465517_127:0:720:445_1920x0_80_0_0_f129474a02dc9a2821ee1d6386d2c957.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ алмаато сафар
рустами эмомалӣ алмаато сафар
Рустами Эмомалӣ ба Алмаато рафт
10:17 29.03.2022 (Навсозишуда: 12:32 29.03.2022) Раиси палатаи болоии парлумон барои иштирок дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо як сафари корӣ ба Қазоқистон рафт
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Маҷлиси миллии кишвар.
Дар Алмаато музокироти ҳайатҳои вакилони порлумони Тоҷикистону Қазоқистон аллакай баргузор шуд.
Дар чаҳорчӯби ин сафари корияш Рустами Эмомалӣ бо раиси парлумони Қазоқистон Мавлон Ашимбоев мулоқот анҷом дод.
"Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи равобити байнипарлумониро баррасӣ карданд", — омадааст дар хабар.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ дахл карданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 30 фоиз зиёд аст.
Кишварҳо хоҳиши тарафайнро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳор намуданд.
Илова бар ин ҷонибҳо дар остонаи 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар бораи аҳамияти фаъолияти ин созмон табодули афкор намуда, ба нақши он дар таҳкими ҳамкориҳои парлумонҳои кишварҳо таъкид намуданд.
Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо имзои созишномае миёни порлумонҳои ду кишвар дар ин замина густариш ёфт.
Гуфта мешавад, ки раиси парлумони Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои ИДМ дар маҷмаи "Шараф", воқеъ дар боғи "28 Панфиловчӣ"-и Алмаато аллакай гулчанбар гузоштаанд.