Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ҶМЛ озод шудани беш аз 90 фоизи минтақаро эълон карданд

© Sputnik / Ilia Pitalev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий с девушкой в одном из скверов в Донецке
Военнослужащий с девушкой в одном из скверов в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Аммо дар манотиқи озодшуда то ҳол якчанд гурӯҳҳои миллатгаро амал мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар рафти амалиёти озод кардани Ҷумҳурии Мардумии Луганск ва Донетск 94 нуқтаи аҳолинишин аз ҷониби милитсияи халқӣ озод карда шуданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ дар шабакаи "Telegramm" хабар дода шудааст.

"Чанд шаҳр ҳамчунон дар зери назорати воҳидҳои низомии Украина боқӣ мондааст: Северодонетск, Лисичанск, Золоте ва баъзе деҳаву шаҳракҳои ҳамсоя", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.

Тавре хабар дода мешавад, нуқтаҳои аҳолинишини ҶМЛ дар шимолу шарқи хатти Сватово — Широкое аз тарафи нерӯҳои Русия озод карда шуданд.
Инчунин хабар дода мешавад, ки дар манотиқи озодшуда якчанд дастаҳои миллатгаро амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар Туркия ҳамин ҳоло музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина ҷараён дорад.
Қабл аз оғози музокирот, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо намояндагони ҳар ду кишвар суҳбат кард.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Қодиров: Аз музокироти Русияву Украина бӯи умед нест
"Вақти он расидааст, ки музокирот натиҷа диҳад. Дар Туркия мо инро самимона таманно дорем ва омодаем, кумак кунем. <...> Ин суҳбатҳо метавонанд дар сурат гирифтани музокироти Русия ва Украина саҳм гузоранд. Туркия омодааст, онро ташкил кунад”, - афзуд Эрдуғон.
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 29 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0