https://sputnik.tj/20220329/marhalai-tayinkunandai-amaliyoti-vizhai-rusiya-dar-sharqi-ukraina-1047169456.html
Марҳалаи таъйинкунандаи амалиёти вижаи Русия дар шарқи Украина
Марҳалаи таъйинкунандаи амалиёти вижаи Русия дар шарқи Украина
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаҳои худро дар Украина дар чанд самти стратегӣ идома медиҳанд
2022-03-29T19:20+0500
2022-03-29T19:20+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
амрико
донбасс
амалиёти вижа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046643763_0:0:3557:2001_1920x0_80_0_0_ffd29d65b0ab06f45563118f37885fb2.jpg
Пас аз барҳам додани дегхонаи Мариупол, авлавияти нерӯҳои Русия ғайринизомисозии гурӯҳи иҳоташудаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс мешавад.Дар як рӯзи гузашта воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия чанд маҳаллаи аҳолинишинро дар шарқи Украина тасарруф карда, бригадаи 95-уми десантии ҳифозатиро ду километро дарунтар карданд ва ба хатти ҷанубии Новоселовка дар наздикии Славянск расиданд.Дар рафти хуҷум қисмҳои ҶМЛ панҷ километр пеш рафтанд. Муҳосира ва пароканда кардани гурӯҳи омодаи ҷангии Украина дар Донбасс идома дорад. Як пешрафти фарзӣ ба Ғарб ё дарёфти кӯмак аз Днепропетровск амалан ғайриимкон аст, убури беш аз 200 километр дар дашт зери зарбаҳои авиатсияи Русия барои воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина бидуни дифои ҳавоӣ имконнопазир аст.Дар давоми рӯз ба 36 объекти ҳарбии душман дар саросари Украина зарба зада шуд. Нерӯҳои Русия як ҷангандаи Су-27 (дар вилояти Донетск) ва чаҳор ҳавопаймои бомбандози Су-24 (дар вилояти Чернигов)-и нерӯҳои ҳавоии Украина ва ҳамчунин 19 ҳавопаймои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Дар маҷмуъ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 308 ҳавопаймои бесарнишин, 1713 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 170 мушакандози чандманзура, 715 тӯпу миномёт, инчунин 1557 адад мошинҳои махсуси низомӣ нобуд карда шуданд. Омор нишон медиҳад, ки ғайринизомисозии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо суръати баланд идома дорад. Бо тавсеаи амалиёти ҷангӣ дар марказ ва ғарби Украина истифодаи мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, авиатсияи артиш ва таҷҳизоти ҷанги электронии нерӯҳои мусаллаҳи Русия эҳтимол бештар шавад.Гарнизонҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Одесса ва Николаев рӯзҳои зиёд интизори гурӯҳҳои мухарриби Русия, аз баҳр фуруд омадан ё ҳамлаи онҳо аз хушкӣ мебошанд. Майдонҳои минаҳое, ки дар наздикии сохилҳои Украина шитобкорона барпо карда шудаанд, ба Руминия, Булғория, Туркия мерасанд.Дар пасманзари бетартибӣ ва воҳима воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина, Гвардияи миллӣ ба таври мунтазам, ҳамарӯза ва дар ҳама ҷо ба сӯи ҳамдигар тирандозӣ мекунанд, инчунин асирони ҳарбиро шиканҷа, захмӣ мекунанд ва ҳадаф қарор медиҳанд. Ба дастаҳои идоранашавандаи террористон ва авбошон табдил ёфтани муҳофизони ин кишвар нишонаи ҳалокат ва азоби режими Киев аст.Шоҳ ва мотВазъияти амалиётӣ дар Украина ба бозии охири шоҳмот шабоҳат дорад, вақте ки дар тахта донаҳо ва пиёдаҳо ҳанӯз зиёданд, аммо натиҷаи бозӣ, бешубҳа, хулосаи пешакӣ аст. Бо дархости хоҷагони амрикоӣ режими Киев танҳо бо вақт бозӣ мекунад ва хуни славяниро бемаънӣ мерезад.Дафтари раисҷумҳури Украина ба таври мунтазам мардумро бо маълумоти бардурӯғ дар бораи коҳиши шиддати ҷанг, заиф шудани ҳамлаҳои Русия ва зарбаҳои мушакӣ “ғизо” медиҳад.Хулосаи Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 28 март бо чунин арзёбӣ комилан мувофиқат намекунад: ҷабҳа аз Изюм (вилояти Харков) ба Ҷануб (яъне воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина) босуръат ҳаракат мекунад), ҳамлаи нерӯҳои Русия дар самти Запорож, дар наздикии Киев инкишоф меёбад, мудофиаи Украина мешиканад ва ба зудӣ рагҳои асосии нақлиётӣ бурида мешаванд. Дар ҳамин ҳол Вадим Денисенко, мушовири ВКД афзоиши шумори зарбаҳои мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба зербиноҳои низомӣ, захираҳои сӯзишворию равғани молидании Украина, аз ҷумла арсеналҳои ғарбӣ ва “тағзия”-и пинҳони Лаҳистону дигар кишварҳои НАТО-ро пешбинӣ мекунад.Коршиносони низомии хориҷӣ ҳадс мезананд, ки Русия ба хотири "назорати доимии гарнизони пойтахт ва мақомоти сиёсии Украина" дар наздикии Киев як пойгоҳи бузурги низомӣ эҷод мекунад.Ҳадс задан мантиқист, ки пойгоҳҳои низомии доимии Русия метавонанд як қисми пойгоҳи ҷадид, осоишта ва бехатар барои Украина ҳамсоя пас аз анҷоми амалиёти махсуси Русия (ба монанди ҳузури қонунӣ ва устувори пойгоҳҳои низомии ИМА дар Олмону Ҷопон) гардад.Ман бовар дорам, ки фурудгоҳи Гостомел, дар наздикии Киев барои муддати тӯлонӣ пойгоҳи воҳидҳои десантии Русия боқӣ мемонад, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба, дар пайи натоиҷи амалиёти вижаи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина ба вуҷуд омадааст.Оё метавон ба таври дигар амал кард, агар Ғарб ба Русия ҷанги нави сард эълон карда, интиқоли навбатии аслиҳаро ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ба маблағи 800 миллион доллар ба нақша гирифта ва омода бошад, ҳатто пас аз шикасти "украинии охирин" ҳам ҷанг кунад? Киев ва аллакай нақшаҳои муҷаҳҳазсозии Украина - пас аз амалиёти вижаи Русия таҳия шуд? Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ахиран гуфт, Ғарб омодааст, ки "сихҳои хорпӯшти мудофиаи Украинаро тақвият бахшад, то дар оянда онро низомиёни рус ҳазм карда натавонанд".Нозизудоӣ дар Украина як тасвир дар сухан нест. Имрӯз маълум шуд, ки дар видеои маъруфи шиканҷа ва эъдоми низомиёни асиршудаи Русия ҷангҷӯёни баталони миллии “Азов” дар ҳошияи Харков тасвир шудаанд. Чунин ҷиноятҳо муҳлати даъво надоранд ва генерали нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний низ барои сарпаноҳ додани зердастонаш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.Мутахассисони НАТО ва ходимони онҳо дар ХАУ то ҳол дар Украина намоишномаеро бо истифода аз маводи кимиёии заҳролуд омода мекунанд, мувофиқи барномае, ки пештар дар Ироқу Сурия, пеш аз зарбаҳои мушакии Амрико ба хоки давлатҳои мустақили номбаршурда рӯйи даст гирифта шуд.Аммо ба гумон аст, ки касе дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи имкони "боздорӣ"-и Маскав бо воҳидҳои ҳарбӣ ва иғвоҳои ибтидоӣ ба услуби Колин Пауэлл андешае дар сар парварад. Русия ба касе иҷоза намедиҳад, ки дар наздикии марзҳояш "намоишҳои кимиёӣ" ташкил кунанд. Бархӯрди мустақими низомии НАТО ва Русия дар Украина амалан ташдиди бархӯрдҳои ҳастаӣ, интиҳои таърихи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони аврупоии онро тазмин мекунад.
https://sputnik.tj/20220328/muzokirot-rusiya-ukraina-istanbul-1047115806.html
https://sputnik.tj/20220329/qodirov-muzokirot-rusiya-ukraina-tanqid-1047164028.html
https://sputnik.tj/20220326/tasiri-komili-charkhboli-ka-52-dar-ukraina-1047095296.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046643763_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_217f08bff7e435d4117e34dbfa52c893.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
амалиёти вижа русия украина донбасс муҳосира
амалиёти вижа русия украина донбасс муҳосира
Марҳалаи таъйинкунандаи амалиёти вижаи Русия дар шарқи Украина
19:20 29.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Натоиҷи хушбинонаи моҳи аввали амалиёти вижаи Русияю марҳилаи нави апрелӣ ваъда медиҳанд, ки шумор ва қудрати зарбаҳои мушакии дақиқ ба инфрасохтору захираҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар саросари қаламрави ин кишвар афзоиш меёбанд
Пас аз барҳам додани дегхонаи Мариупол, авлавияти нерӯҳои Русия ғайринизомисозии гурӯҳи иҳоташудаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс мешавад.
Дар як рӯзи гузашта воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия чанд маҳаллаи аҳолинишинро дар шарқи Украина тасарруф карда, бригадаи 95-уми десантии ҳифозатиро ду километро дарунтар карданд ва ба хатти ҷанубии Новоселовка дар наздикии Славянск расиданд.
Дар рафти хуҷум қисмҳои ҶМЛ панҷ километр пеш рафтанд. Муҳосира ва пароканда кардани гурӯҳи омодаи ҷангии Украина дар Донбасс идома дорад. Як пешрафти фарзӣ ба Ғарб ё дарёфти кӯмак аз Днепропетровск амалан ғайриимкон аст, убури беш аз 200 километр дар дашт зери зарбаҳои авиатсияи Русия барои воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина бидуни дифои ҳавоӣ имконнопазир аст.
Дар давоми рӯз ба 36 объекти ҳарбии душман дар саросари Украина зарба зада шуд. Нерӯҳои Русия як ҷангандаи Су-27 (дар вилояти Донетск) ва чаҳор ҳавопаймои бомбандози Су-24 (дар вилояти Чернигов)-и нерӯҳои ҳавоии Украина ва ҳамчунин 19 ҳавопаймои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар маҷмуъ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 308 ҳавопаймои бесарнишин, 1713 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 170 мушакандози чандманзура, 715 тӯпу миномёт, инчунин 1557 адад мошинҳои махсуси низомӣ нобуд карда шуданд. Омор нишон медиҳад, ки ғайринизомисозии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо суръати баланд идома дорад. Бо тавсеаи амалиёти ҷангӣ дар марказ ва ғарби Украина истифодаи мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, авиатсияи артиш ва таҷҳизоти ҷанги электронии нерӯҳои мусаллаҳи Русия эҳтимол бештар шавад.
Гарнизонҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Одесса ва Николаев рӯзҳои зиёд интизори гурӯҳҳои мухарриби Русия, аз баҳр фуруд омадан ё ҳамлаи онҳо аз хушкӣ мебошанд. Майдонҳои минаҳое, ки дар наздикии сохилҳои Украина шитобкорона барпо карда шудаанд, ба Руминия, Булғория, Туркия мерасанд.
Дар пасманзари бетартибӣ ва воҳима воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина, Гвардияи миллӣ ба таври мунтазам, ҳамарӯза ва дар ҳама ҷо ба сӯи ҳамдигар тирандозӣ мекунанд, инчунин асирони ҳарбиро шиканҷа, захмӣ мекунанд ва ҳадаф қарор медиҳанд. Ба дастаҳои идоранашавандаи террористон ва авбошон табдил ёфтани муҳофизони ин кишвар нишонаи ҳалокат ва азоби режими Киев аст.
Вазъияти амалиётӣ дар Украина ба бозии охири шоҳмот шабоҳат дорад, вақте ки дар тахта донаҳо ва пиёдаҳо ҳанӯз зиёданд, аммо натиҷаи бозӣ, бешубҳа, хулосаи пешакӣ аст. Бо дархости хоҷагони амрикоӣ режими Киев танҳо бо вақт бозӣ мекунад ва хуни славяниро бемаънӣ мерезад.
Дафтари раисҷумҳури Украина ба таври мунтазам мардумро бо маълумоти бардурӯғ дар бораи коҳиши шиддати ҷанг, заиф шудани ҳамлаҳои Русия ва зарбаҳои мушакӣ “ғизо” медиҳад.
Хулосаи Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 28 март бо чунин арзёбӣ комилан мувофиқат намекунад: ҷабҳа аз Изюм (вилояти Харков) ба Ҷануб (яъне воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина) босуръат ҳаракат мекунад), ҳамлаи нерӯҳои Русия дар самти Запорож, дар наздикии Киев инкишоф меёбад, мудофиаи Украина мешиканад ва ба зудӣ рагҳои асосии нақлиётӣ бурида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол Вадим Денисенко, мушовири ВКД афзоиши шумори зарбаҳои мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба зербиноҳои низомӣ, захираҳои сӯзишворию равғани молидании Украина, аз ҷумла арсеналҳои ғарбӣ ва “тағзия”-и пинҳони Лаҳистону дигар кишварҳои НАТО-ро пешбинӣ мекунад.
Коршиносони низомии хориҷӣ ҳадс мезананд, ки Русия ба хотири "назорати доимии гарнизони пойтахт ва мақомоти сиёсии Украина" дар наздикии Киев як пойгоҳи бузурги низомӣ эҷод мекунад.
Ҳадс задан мантиқист, ки пойгоҳҳои низомии доимии Русия метавонанд як қисми пойгоҳи ҷадид, осоишта ва бехатар барои Украина ҳамсоя пас аз анҷоми амалиёти махсуси Русия (ба монанди ҳузури қонунӣ ва устувори пойгоҳҳои низомии ИМА дар Олмону Ҷопон) гардад.
Ман бовар дорам, ки фурудгоҳи Гостомел, дар наздикии Киев барои муддати тӯлонӣ пойгоҳи воҳидҳои десантии Русия боқӣ мемонад, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба, дар пайи натоиҷи амалиёти вижаи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина ба вуҷуд омадааст.
Оё метавон ба таври дигар амал кард, агар Ғарб ба Русия ҷанги нави сард эълон карда, интиқоли навбатии аслиҳаро ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ба маблағи 800 миллион доллар ба нақша гирифта ва омода бошад, ҳатто пас аз шикасти "украинии охирин" ҳам ҷанг кунад? Киев ва аллакай нақшаҳои муҷаҳҳазсозии Украина - пас аз амалиёти вижаи Русия таҳия шуд? Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ахиран гуфт, Ғарб омодааст, ки "сихҳои хорпӯшти мудофиаи Украинаро тақвият бахшад, то дар оянда онро низомиёни рус ҳазм карда натавонанд".
Нозизудоӣ дар Украина як тасвир дар сухан нест. Имрӯз маълум шуд, ки дар видеои маъруфи шиканҷа ва эъдоми низомиёни асиршудаи Русия ҷангҷӯёни баталони миллии “Азов” дар ҳошияи Харков тасвир шудаанд. Чунин ҷиноятҳо муҳлати даъво надоранд ва генерали нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний низ барои сарпаноҳ додани зердастонаш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Мутахассисони НАТО ва ходимони онҳо дар ХАУ то ҳол дар Украина намоишномаеро бо истифода аз маводи кимиёии заҳролуд омода мекунанд, мувофиқи барномае, ки пештар дар Ироқу Сурия, пеш аз зарбаҳои мушакии Амрико ба хоки давлатҳои мустақили номбаршурда рӯйи даст гирифта шуд.
Аммо ба гумон аст, ки касе дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи имкони "боздорӣ"-и Маскав бо воҳидҳои ҳарбӣ ва иғвоҳои ибтидоӣ ба услуби Колин Пауэлл андешае дар сар парварад. Русия ба касе иҷоза намедиҳад, ки дар наздикии марзҳояш "намоишҳои кимиёӣ" ташкил кунанд. Бархӯрди мустақими низомии НАТО ва Русия дар Украина амалан ташдиди бархӯрдҳои ҳастаӣ, интиҳои таърихи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони аврупоии онро тазмин мекунад.