Манбаъ: Толибон фаъолияти бидуни ришро иҷозат намедиҳанд

© PixabayБарбершоп, архивное фото
Барбершоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Манбае хабар додааст, ки толибон ба бархе аз кормандони давлатӣ иҷозат надодаанд, бидуни риш вориди идораашон шаванд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳокимони имрӯзаи Афғонистон гурӯҳи толибон ба кормандони бархе аз вазоратҳо омадани кор бидуни ришро мамнуъ эълон кардаанд, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар итстинод ба манбаъҳо.
Дар охири моҳи декабри соли 2021 толибон гуфта буданд, ки бо вуҷуди тавсияи натарошидани риш онҳо мардонро маҷбур нахоҳанд кард, ки риш гузоранд.

"Чанде пеш ба мо гуфтанд: ё риш мегузоред ё ба кор намеоед. Фикр кардем, ки ин корро намекунанд, аммо ахиран кормандони Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иҷозат надоданд, ки вориди идора шавем”, - гуфт як корманди Вазорати маорифи Афғонистон, ки хостааст, номаш ифшо нашавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ дар дигар вазоратҳо низ сурат гирифтааст. Манбаъ таъкид кардаанд, ки ин тасмими толибон кормандони давлатии Афғонистонро нигарон кардааст, бархе аз онҳо намехоҳанд риш гузоранд ва дастор пӯшанд.
Як манбаъ дар Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, толибон кормандони чанд вазоратхонаро ба далели риши кӯтоҳ ва надоштани дастор дар берун боздошт мекарданд.
Женщины в бурках во время раздачи продуктов в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Толибон: Ҷумъа рӯзи тафреҳи мардон аст, на занон
Дар авоили моҳи августи соли гузашта толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Дар давоми ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ пурра фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр хайати хукумати муваққатии Афгонистон эълон шуд, ки роҳбари он Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд. Ӯ дар давраи аввали ҳукмронии толибон ба ҳайси вазири хориҷӣ кор мекард ва аз соли 2001 инчониб таҳти таҳрими СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0