https://sputnik.tj/20220328/shankhay-koronavirus-basta-1047130641.html
Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд
Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин шаҳри Чин ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус маҳдудиятҳои сартосарӣ ҷорӣ кард
2022-03-28T15:30+0500
2022-03-28T15:30+0500
2022-03-28T18:06+0500
дар ҷаҳон
коронавирус
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032017453_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_e205ecf70df64e43bcdf95c08daa472c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар пасманзари хуруҷи навбатии коронавирус дар Шанхай локдаун эълон шуд.Ин тадобир баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки дар шаҳре, ки 25 миллион аҳолӣ дорад, 3 454 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус бидуни ягон аломат сабт гардид. Илова бар ин 50 мавриди сироятшавӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 10 ҳолати воридотии COVID-19 ба қайд гирифта шуд.Тибқи нақшаи мақомот, қарантин барои гузаронидани 2 даври ташхиси оммавӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ зарур аст. Он дар ду давра: якум аз 28 март то 1 апрел дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубӣ ва даври дуюм, аз 1 то 5 апрел дар ҳудуди ғарбии он гузаронида мешавад.Гуфта мешавад, дар замони эълони локдаун нақбу пулҳо баста шуда, ҳаракати нақлиёти хусусӣ ва ҷамъиятӣ комилан масдуд мешавад.Илова бар ин тамоми ширкату корхонаҳо дуркорӣ мекунанд.Ба сокинони Шанхай амр дода шудааст, ки дар хона бимонанд. Ба гуфтаи мақомот, маҳсулоти заруриро метавон тавассути интернет фармоиш дод. Биолог гуфт, кай мавҷи нави коронавирус дар Русия сар мезанадДар ҳамин ҳол Фурудгоҳи Байналмилалии Пудун, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир аст, кори худро идома медиҳад, аммо аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи вазъи парвозҳояшон пешакӣ хабар диҳанд. Ёдовар мешавем, ки Чин сиёсати “таҳаммулнопазирии сифр” ба коронавирусро пеш гирифтааст. Рӯзҳои охир дар ин кишвар дар як рӯз тақрибан 1,2 ҳолати беморшавӣ ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220328/rospotrebnadzor-pandemiyai-koronavirus-1047127692.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032017453_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a56d47c3a7046ab42ec2b67b29395b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шанхай коронавирус локдаун
шанхай коронавирус локдаун
Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд
15:30 28.03.2022 (Навсозишуда: 18:06 28.03.2022) Дар бузургтарин шаҳри Чин ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус маҳдудиятҳои сартосарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар пасманзари хуруҷи навбатии коронавирус дар Шанхай локдаун эълон шуд.
Ин тадобир баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки дар шаҳре, ки 25 миллион аҳолӣ дорад, 3 454 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус бидуни ягон аломат сабт гардид. Илова бар ин 50 мавриди сироятшавӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 10 ҳолати воридотии COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи нақшаи мақомот, қарантин барои гузаронидани 2 даври ташхиси оммавӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ зарур аст. Он дар ду давра: якум аз 28 март то 1 апрел дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубӣ ва даври дуюм, аз 1 то 5 апрел дар ҳудуди ғарбии он гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, дар замони эълони локдаун нақбу пулҳо баста шуда, ҳаракати нақлиёти хусусӣ ва ҷамъиятӣ комилан масдуд мешавад.
Илова бар ин тамоми ширкату корхонаҳо дуркорӣ мекунанд.
Ба сокинони Шанхай амр дода шудааст, ки дар хона бимонанд. Ба гуфтаи мақомот, маҳсулоти заруриро метавон тавассути интернет фармоиш дод.
Дар ҳамин ҳол Фурудгоҳи Байналмилалии Пудун, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир аст, кори худро идома медиҳад, аммо аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи вазъи парвозҳояшон пешакӣ хабар диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Чин сиёсати “таҳаммулнопазирии сифр” ба коронавирусро пеш гирифтааст. Рӯзҳои охир дар ин кишвар дар як рӯз тақрибан 1,2 ҳолати беморшавӣ ба қайд гирифта шудааст.