https://sputnik.tj/20220328/rahimzoda-tojikiston-tahrimho-rusiya-zarar-1047137482.html
Раҳимзода гуфт, чӣ кор бояд кард, то Тоҷикистон аз таҳримҳои зидди Русия зарар набинад
Раҳимзода гуфт, чӣ кор бояд кард, то Тоҷикистон аз таҳримҳои зидди Русия зарар набинад
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бинобар равобити тиҷории густурда ва муҳоҷирони корӣ, таҳримҳои алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири амиқ мерасонад, аммо ба гуфтаи ӯ кишвар таҷрибаи бурунрафт аз чунин вазъро дорад
2022-03-28T17:35+0500
2022-03-28T17:35+0500
2022-03-28T18:38+0500
дар тоҷикистон
дар русия
таҳрим
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_64c9684e4f08663aad128a4bcb89af83.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Профессор Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба он ки Русия яке аз шарикони тиҷоратию иқтисодии кишвари мост, тағйирот дар вазъи иқтисодии он хоҳу нохоҳ ба иқтисоди мо низ таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, азбаски қисме аз шаҳрвандони мамлакати мо дар Русия ба фаъолият машғуланд, тағйири қурби рубли русӣ, болоравии нархҳо ва коҳиши ҷойҳои корӣ боиси камшавии маблағи интиқолӣ мегардад.Номбурда мегӯяд, мо бояд аз ҷиҳати равонӣ ба ин тағйирот омода бошем ва донем, ки онҳо аз мо ва ҳукумати мо вобаста нестанд. Директори Институти иқтисодиёт АМИТ мегӯяд, чунин ҳолат бори аввал нест, ки ба иқтисоди кишвар таъсир мерасонад ва мо ҳамеша бо сарбаландӣ онро паси сар кардаем."Чунин амалҳо хоси ҳамаи мамлакатҳои хурдеанд, ки иқтисодиёташон аз вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ вобаста аст ва ин вобастагӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ боз ҳам меафзояд", — гуфт Раҳимзода.Ӯ тавсия медиҳад, ки ҳама бояд маҳсулоти ватаниро харидорӣ кунад, зеро ин яке аз роҳҳои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, ин сабаби зиёд шудани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад. Иқтисоддон ба ҳамаи он бонкҳои дар мамлакат фаъолияткунанда, ки дар бонкҳои Русия ҳисобҳои муросилотӣ доштанд, тавсия додааст, ки бояд аз пайи кушодани чунин ҳисобҳо дар бонкҳои аврупоӣ ва мамлакатҳои дигар шаванд, то ҳангоми зарурати гузаронидани маблағҳои мизоҷон мушкилӣ эҷод нашавад.Ин олими тоҷик омили асосии ҳифзи сармояву соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ дар кишварро дар чунин шароит додани имтиёзи бештар медонад, ки ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат дар ҳамсоякишварҳо бештар ба назар мерасад.
https://sputnik.tj/20220322/jahon-ima-tahrim-rusiya-nafrat-1046992072.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_337:0:1564:920_1920x0_80_0_0_ce53bd6358ab6512853f4718dcf65648.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳимзода тоҷикистон таҳримҳои русия зарар
раҳимзода тоҷикистон таҳримҳои русия зарар
Раҳимзода гуфт, чӣ кор бояд кард, то Тоҷикистон аз таҳримҳои зидди Русия зарар набинад
17:35 28.03.2022 (Навсозишуда: 18:38 28.03.2022) Иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бинобар равобити тиҷории густурда ва муҳоҷирони корӣ таҳримҳои алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири амиқ мерасонанд, аммо ба гуфтаи ӯ, кишвар таҷрибаи бурунрафт аз чунин вазъро дорад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Профессор Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба он ки Русия яке аз шарикони тиҷоратию иқтисодии кишвари мост, тағйирот дар вазъи иқтисодии он хоҳу нохоҳ ба иқтисоди мо низ таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, азбаски қисме аз шаҳрвандони мамлакати мо дар Русия ба фаъолият машғуланд, тағйири қурби рубли русӣ, болоравии нархҳо ва коҳиши ҷойҳои корӣ боиси камшавии маблағи интиқолӣ мегардад.
"Гузашта аз ин ҳамасола мамлакати мо аз Федератисия Русия миқдори муайяни молҳоро ворид месозад ва боло рафтани нархи онҳо боиси болоравии нархҳо дар бозори мо низ мегардад”, - афзуд Шарифзода дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар".
Номбурда мегӯяд, мо бояд аз ҷиҳати равонӣ ба ин тағйирот омода бошем ва донем, ки онҳо аз мо ва ҳукумати мо вобаста нестанд.
Директори Институти иқтисодиёт АМИТ мегӯяд, чунин ҳолат бори аввал нест, ки ба иқтисоди кишвар таъсир мерасонад ва мо ҳамеша бо сарбаландӣ онро паси сар кардаем.
"Чунин амалҳо хоси ҳамаи мамлакатҳои хурдеанд, ки иқтисодиёташон аз вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ вобаста аст ва ин вобастагӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ боз ҳам меафзояд", — гуфт Раҳимзода.
Ӯ тавсия медиҳад, ки ҳама бояд маҳсулоти ватаниро харидорӣ кунад, зеро ин яке аз роҳҳои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, ин сабаби зиёд шудани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Иқтисоддон ба ҳамаи он бонкҳои дар мамлакат фаъолияткунанда, ки дар бонкҳои Русия ҳисобҳои муросилотӣ доштанд, тавсия додааст, ки бояд аз пайи кушодани чунин ҳисобҳо дар бонкҳои аврупоӣ ва мамлакатҳои дигар шаванд, то ҳангоми зарурати гузаронидани маблағҳои мизоҷон мушкилӣ эҷод нашавад.
“Таҷриба нишон дод, ки дар чунин ҳолат талабот ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ коҳиш меёбад ва корхонаҳои ин соҳа ба мушкилӣ дучор мешаванд. Зарур аст, ки онҳо бо роҳҳои гуногун дастгирӣ ёбанд. Сохторҳои дахлдор бояд пеши роҳи дахолати барзиёд ба фаъолияти соҳибкориро гиранд", - афзуд мавсуф.
Ин олими тоҷик омили асосии ҳифзи сармояву соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ дар кишварро дар чунин шароит додани имтиёзи бештар медонад, ки ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат дар ҳамсоякишварҳо бештар ба назар мерасад.