https://sputnik.tj/20220328/lavrov-inzivo-russia-video-1047146281.html
Лавров: Ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад - видео
Лавров: Ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҳич гуна инзивои кишвар ҷой надорад, чун ФР шарикони зиёд, аз ҷумла дар минтақаи Осиё дорад 28.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-28T20:50+0500
2022-03-28T20:50+0500
2022-03-28T20:50+0500
видео
иқтисод
шарикони иқтисодӣ
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047146288_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_58808f2137073be1c6d56f58d452501e.jpg
Маскав шарикони зиёд дар минтақаи Осиё, уқёнуси Ором, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дорад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо расонаҳои Сербия. Ӯ бо таъкиди ин нукта гуфт, ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад. Лавров қаблан низ изҳор карда буд, ки сарфи назар аз талошҳои зиёд Ғарб ба инзивои Русия ноил нахоҳад шуд. Вай ҳамчунин дар суҳбат аз русбадбинӣ гуфтааст, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ғарбӣ авҷ гирифтааст. Инчунин мавсуф афзуд, ин раванд аз сӯйи сарони кишварҳо "об дода мешавад". Умеди Лавров аз музокироти Истанбул ва зикраш аз мулоқоти Путину ЗеленскийДар маҷмуъ, ба гуфтаи Лавров, таҳрим алайҳи Русия ҳич гоҳ қатъ нашуда ва Ғарб ҳамеша баҳона меёфт, то онҳоро роҳандозӣ намояд. Маврид ба зикр аст, ки баъди 24 феврал, дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ намуданд, ки шомили тақрибан ҳамаи соҳаҳо, аз энержӣ, саноат, тиҷорат, сармоягузорӣ, молия ва бонкҳо то фарҳангу варзиш мебошад. Маскав эълон кард, ки ба таҳримот посухи мувофиқ хоҳад дод.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Лавров: "Никакой изоляции России нет" - видео
Sputnik Тоҷикистон
Глава МИД РФ Сергей Лавров заявил, что никакой изоляции России нет, у нас огромное количество партнеров. "Что касается изоляции, никакой изоляции нет", - сказал министр, высказываясь по теме "изоляции России" в ходе интервью сербским СМИ.
2022-03-28T20:50+0500
true
PT0M37S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047146288_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_475b0d6c348f167c5f1d5751128ef577.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, иқтисод, шарикони иқтисодӣ, сергей лавров
видео, иқтисод, шарикони иқтисодӣ, сергей лавров
Лавров: Ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад - видео
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҳич гуна инзивои кишвар ҷой надорад, чун ФР шарикони зиёд, аз ҷумла дар минтақаи Осиё дорад
Маскав шарикони зиёд дар минтақаи Осиё, уқёнуси Ором, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дорад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо расонаҳои Сербия.
Ӯ бо таъкиди ин нукта гуфт, ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад. Лавров қаблан низ изҳор карда буд, ки сарфи назар аз талошҳои зиёд Ғарб ба инзивои Русия ноил нахоҳад шуд.
Вай ҳамчунин дар суҳбат аз русбадбинӣ гуфтааст, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ғарбӣ авҷ гирифтааст. Инчунин мавсуф афзуд, ин раванд аз сӯйи сарони кишварҳо "об дода мешавад".
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Лавров, таҳрим алайҳи Русия ҳич гоҳ қатъ нашуда ва Ғарб ҳамеша баҳона меёфт, то онҳоро роҳандозӣ намояд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди 24 феврал, дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ намуданд, ки шомили тақрибан ҳамаи соҳаҳо, аз энержӣ, саноат, тиҷорат, сармоягузорӣ, молия ва бонкҳо то фарҳангу варзиш мебошад. Маскав эълон кард, ки ба таҳримот посухи мувофиқ хоҳад дод.