https://sputnik.tj/20220328/korshinos-sabab-muhojiron-rusiya-tars-1047131868.html
Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад
Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад
Sputnik Тоҷикистон
Русия набояд аз хуруҷи густурдаи кории хориҷиён битарсад, аммо баъзеи онҳо бо назардошти шароити муайян тасмим мегиранд, ки Федератсияи Русияро тарк кунанд
2022-03-28T16:10+0500
2022-03-28T16:10+0500
2022-03-28T17:53+0500
муҳоҷират
дар русия
коршиносон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101371/44/1013714451_0:0:2978:1676_1920x0_80_0_0_c20da9b048d51851fb2ddf76065d1f40.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бархе аз муҳоҷирони корӣ базудӣ Русияро тарк хоҳанд кард. Дар ин бора Юлия Финогенова, профессори кафедраи молия ва нархи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар суҳбат бо хабаргузории REGNUM изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи вай, хориҷиён аз боло рафтани қимати зиндагӣ, пардохт нашудани маош ва поин рафтани қурби рубл ҳарос доранд. Бо вуҷуди ин хориҷиёни ботаҷриба ва соҳибихтисос ҳатто дар шароити имрӯза кори алтернативӣ пайдо мекунанд, гуфт Финогенова. Вай ёдовар шуд, ки ҳоло онҳо қонуни танзими будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Федератсияи Русияро баррасӣ мекунанд: дарозмуддат, доимӣ ё кӯтоҳмуддат. Муддат вобаста ба сабаби ба мамлакат омадани шаҳрвандон муқаррар карда мешавад."Аз ин рӯ он қисми муҳоҷироне, ки дар муддати кӯтоҳ кор пайдо карда наметавонанд, кишварро тарк хоҳанд кард", - хулоса кард коршинос.Қаблан мудири созмони ҷамъиятии вилоятии "Маркази таҳқиқоти муҳоҷират" Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки аз Русия хуруҷи густурдаи коргарони хориҷиро набояд интизор шуд.Ҳоло дар Русия бисёр навоҳие ҳастанд, ки дар онҳо қувваи корӣ намерасад. Масалан, ба ширкатҳои бинокорӣ кадрҳои нав лозиманд. Ба бовари Политаев, таъсири таҳримҳои Амрико ва Аврупо ба ин бахш ночиз хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220326/peshnihod-mablaghguzori-rusiya-muhojiron-1047099875.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101371/44/1013714451_0:0:2536:1902_1920x0_80_0_0_85b904bb8c7af005dc2889401bdec6f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос муҳоҷирон русия
Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад
16:10 28.03.2022 (Навсозишуда: 17:53 28.03.2022) Русия набояд аз хуруҷи густурдаи кории хориҷиён битарсад, аммо баъзеи онҳо бо назардошти шароити муайян тасмим мегиранд, ки Федератсияи Русияро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бархе аз муҳоҷирони корӣ базудӣ Русияро тарк хоҳанд кард. Дар ин бора Юлия Финогенова, профессори кафедраи молия ва нархи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар суҳбат бо хабаргузории REGNUM изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, хориҷиён аз боло рафтани қимати зиндагӣ, пардохт нашудани маош ва поин рафтани қурби рубл ҳарос доранд.
"Хуруҷи гурӯҳии муҳоҷирони корӣ дар назар нест, аммо бархе аз онҳое, ки аллакай дар кишвари мо кор мекунанд, бо сабабҳои иқтисодӣ маҷбур мешаванд, ки тарки кишвар кунанд", - таъкид кард коршинос.
Бо вуҷуди ин хориҷиёни ботаҷриба ва соҳибихтисос ҳатто дар шароити имрӯза кори алтернативӣ пайдо мекунанд, гуфт Финогенова.
Вай ёдовар шуд, ки ҳоло онҳо қонуни танзими будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Федератсияи Русияро баррасӣ мекунанд: дарозмуддат, доимӣ ё кӯтоҳмуддат.
Муддат вобаста ба сабаби ба мамлакат омадани шаҳрвандон муқаррар карда мешавад.
"Аз ин рӯ он қисми муҳоҷироне, ки дар муддати кӯтоҳ кор пайдо карда наметавонанд, кишварро тарк хоҳанд кард", - хулоса кард коршинос.
Қаблан мудири созмони ҷамъиятии вилоятии "Маркази таҳқиқоти муҳоҷират" Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки аз Русия хуруҷи густурдаи коргарони хориҷиро набояд интизор шуд.
Ҳоло дар Русия бисёр навоҳие ҳастанд, ки дар онҳо қувваи корӣ намерасад. Масалан, ба ширкатҳои бинокорӣ кадрҳои нав лозиманд.
Ба бовари Политаев, таъсири таҳримҳои Амрико ва Аврупо ба ин бахш ночиз хоҳад буд.