https://sputnik.tj/20220328/habs-jarima-barodaron-khudsarona-jazo-ronanda-1047119778.html
Ҳабсу ҷаримаи бародарон барои худсарона ҷазо додани ронанда
Ҳабсу ҷаримаи бародарон барои худсарона ҷазо додани ронанда
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурини пулиси пойтахт ду ҷавоне, ки ронандаеро барои қоидавайронкунияш худсарона ҷазо доданд, боздошт кардаанд
2022-03-28T11:40+0500
2022-03-28T11:40+0500
2022-03-28T14:11+0500
дар тоҷикистон
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
ронанда
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047119648_0:0:678:381_1920x0_80_0_0_33f04ad6a74afbfae6a637a69e2a804e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Душанбе ду бародар ронандаеро, ки дар гузаргоҳ пиёдагардро роҳ надод, худсарона ҷазо додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи 26 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он ду пиёдагард ронандаи мошини “Опел-Зефира”-ро латукӯб ва дашном медиҳанд. Дар ҷараёни тафтиши ин ҳодиса маълум шуд, ки "қаҳрамонон"-и видео сокинони шаҳри Душанбе - бародарон Ҳикматулло ва Муҳаммадҷон Хурсандовҳои 24 ва 15-сола мебошанд. Гуфта мешавад, бародарон ба ронандаи мошини "Опел-Зефир", сокини шаҳри Душанбе Шоҳрӯх Ғаниеви 23-сола ҳамла кардаанд, ки онҳоро дар гузаргоҳи пиёдагард роҳ надодааст. Нисбати Ҳикматулло Хурсандов протоколи маъмурӣ тартиб дода, додгоҳ нисбати ӯ 10 рӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кард. Бародари ноболиғаш Муҳаммадҷон ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст) ҷарима шуд. Ҳамчунин ронандаи мошини "Опел Зефир", ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кардааст, низ дар шакли ҷарима ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047119648_28:0:660:474_1920x0_80_0_0_0dad47630f5d2b41cdf7aace3f62362c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳабс ҷарима бародарон ҷазо ронанда
ҳабс ҷарима бародарон ҷазо ронанда
Ҳабсу ҷаримаи бародарон барои худсарона ҷазо додани ронанда
11:40 28.03.2022 (Навсозишуда: 14:11 28.03.2022) Маъмурини пулиси пойтахт ду ҷавоне, ки ронандаеро барои қоидавайронкунияш худсарона ҷазо доданд, боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Душанбе ду бародар ронандаеро, ки дар гузаргоҳ пиёдагардро роҳ надод, худсарона ҷазо додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи 26 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он ду пиёдагард ронандаи мошини “Опел-Зефира”-ро латукӯб ва дашном медиҳанд.
Дар ҷараёни тафтиши ин ҳодиса маълум шуд, ки "қаҳрамонон"-и видео сокинони шаҳри Душанбе - бародарон Ҳикматулло ва Муҳаммадҷон Хурсандовҳои 24 ва 15-сола мебошанд.
Гуфта мешавад, бародарон ба ронандаи мошини "Опел-Зефир", сокини шаҳри Душанбе Шоҳрӯх Ғаниеви 23-сола ҳамла кардаанд, ки онҳоро дар гузаргоҳи пиёдагард роҳ надодааст.
Нисбати Ҳикматулло Хурсандов протоколи маъмурӣ тартиб дода, додгоҳ нисбати ӯ 10 рӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кард. Бародари ноболиғаш Муҳаммадҷон ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст) ҷарима шуд.
Ҳамчунин ронандаи мошини "Опел Зефир", ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кардааст, низ дар шакли ҷарима ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.