https://sputnik.tj/20220328/erdughon-toshkand-meoyad-1047140607.html
Эрдуғон бо сафари расмӣ аз Тошканд боздид мекунад
Эрдуғон бо сафари расмӣ аз Тошканд боздид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафари президенти Туркия ба Ӯзбекистон охири моҳи март дар назар буда, Тошканд аз ин боздид имзои санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро интизор аст
2022-03-28T19:10+0500
2022-03-28T19:10+0500
2022-03-28T19:10+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
раҷаб тайиб эрдуғон
мирзиёев
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:2:2999:1688_1920x0_80_0_0_c96e4e76ed18e2bfa12b977b94aa02a5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, сафари Эрдуғон ба Тошканд бо даъвати президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад. Манбаъ афзуд, ки банди асосии барномаи сафари Эрдуғон ба Тошканд иштирок дар кори ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олии Ӯзбекистон ва Туркия мебошад. Ҷонибҳо инчунин таҳкими шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ дар бахши савдо, сармоягузорӣ, фанновариҳо, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар бахшҳоро баррасӣ мекунанд. Табодули афкор инчунин дар масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ сурат хоҳад гирифт, азфуд дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон. Дар ҷамъбасти сафари расмии Эрдуғон ба Ӯзбекистон имзои созишномаҳои ҳамкории дутарафа ва изҳороти муштарак дар назар аст. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Туркия аз сафари қарибулвуқуи Эрдуғон ба Тоҷикистон низ хабар дода буданд, аммо то ҳол санаи дақиқи он маълум нест. Аз ҷумла сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл соли гузашта изҳор дошта буд, ки ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари раисҷумҳури Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст. Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард, аммо ин сафару дидор то ҳол сурат нагирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220328/vurud-taghyirot-sozishnoma-tojikiston-uzbekiston-1047125959.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d25177ee644b0756f6a2b4e12d159617.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, расмӣ, эрдуғон, ӯзбекистон
сафар, расмӣ, эрдуғон, ӯзбекистон
Эрдуғон бо сафари расмӣ аз Тошканд боздид мекунад
Сафари президенти Туркия ба Ӯзбекистон охири моҳи март дар назар буда, Тошканд аз ин боздид имзои санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, сафари Эрдуғон ба Тошканд бо даъвати президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, ки банди асосии барномаи сафари Эрдуғон ба Тошканд иштирок дар кори ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олии Ӯзбекистон ва Туркия мебошад.
Ҷонибҳо инчунин таҳкими шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ дар бахши савдо, сармоягузорӣ, фанновариҳо, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар бахшҳоро баррасӣ мекунанд.
Табодули афкор инчунин дар масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ сурат хоҳад гирифт, азфуд дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Дар ҷамъбасти сафари расмии Эрдуғон ба Ӯзбекистон имзои созишномаҳои ҳамкории дутарафа ва изҳороти муштарак дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Туркия аз сафари қарибулвуқуи Эрдуғон ба Тоҷикистон низ хабар дода буданд, аммо то ҳол санаи дақиқи он маълум нест.
Аз ҷумла сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл соли гузашта изҳор дошта буд, ки ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари раисҷумҳури Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст.
Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард, аммо ин сафару дидор то ҳол сурат нагирифтаанд.