Фиристодаи Думаи давлатӣ хостори додани шаҳрвандӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПаспорта РФ в процессе производства
Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Фиристодаи вижаи Думаи давлатӣ мегӯяд, агар ҳамватанон дар хориҷ иқомат мекунанду мехоҳанд ҳамчунин шаҳрвандии Русияро дошта бошанд, бояд онро гиранд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ба ҳамватанҳое, ки дар хориҷи кишвар иқомат мекунанд, бояд имкони гирифтани шаҳрвандии Русияро дошта бошанд.
Дар ин бора фиристодаи вижаи Думаи давлатии Русия дар бахши муҳоҷирон ва шаҳрвандӣ, ноиби Кумитаи парлумон дар умури ИДМ Константин Затулин зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.

"Ҷонибдори онам, ки шаҳрвандони Русия бештар бошанд, аз ҷумла дар хориҷа ҳам. Тарафдорам, ки шаҳрвандӣ ба ҳамватанҳо, новобаста аз он ки ба Русия кӯчиданд ё на, дода шавад", - афзуд ин вакил.

Ба гуфтаи Затулин, шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷ иқомат мекунанд, наздиктарин захирае мебошанд, ки ба онҳо метавон дар лаҳзаҳои мушкил такя карду аз онҳо кумак хост.
"Масалан казакҳо дар Австралия чӣ гуноҳ доранд, ки ду бор баъди ҷанги шаҳрвандӣ кӯч дода шуданд... Агар онҳо мехоҳанд дар Австралия зиндагӣ кунанду ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дошта бошанду онро барои фарзандонашон нишон гузоранд", - илова намуд вакил.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Казакова гуфт, кадоме аз муҳоҷирон метавонанд шаҳрвандии Русия гиранд
Ин пешниҳод дар ҳолест, ки соли гузашта, бар иттилои расмӣ, беш аз 735 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ки ин шумора дар қиёс бо соли 2020 ҳудуди 79 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар зимн ахиран Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки лоиҳаеро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он, муҳлати баррасии дархостҳо барои шаҳрвандӣ бо тартиби умумӣ метавонад аз 1 сол то 3 моҳ кам шавад.
Лентаи хабарҳо
0