https://sputnik.tj/20220328/bozdosht-rais-poragir-1047117813.html
Боздошти раис ҳангоми порагирӣ: 27 ҳазор сомонӣ талаб кардааст
Боздошти раис ҳангоми порагирӣ: 27 ҳазор сомонӣ талаб кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот як корманди "Тоҷикматлубот"- ро бо иттиҳоми гирифтани ришва барои вобаста намудани нуқтаи савдо боздошт кардаанд
2022-03-28T10:26+0500
2022-03-28T10:26+0500
2022-03-28T11:36+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
ришва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, раиси Раёсати ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб Р. А. даст ба фасоди молӣ задааст.Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А”, дастгир шудааст.Гуфта мешавад, корафтода ба раҳбари "Матлубот" барои вобаста намудани нуқтаи савдо муроҷиат намуд.Аммо боздоштшуда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғолнамудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз ахирӣ дар ду ҳолат 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда, 17 000 сомониашро тақозо намудааст.Дар робита ба ин қазия нисбати Р. М. бо моддаи 279, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.Бар асоси ин банди қонун, агар гуноҳи боздоштшуда собит шавад, ӯро аз 51 то 96 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 3 сол ҳабс интизор аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт раис порагир
Боздошти раис ҳангоми порагирӣ: 27 ҳазор сомонӣ талаб кардааст
10:26 28.03.2022 (Навсозишуда: 11:36 28.03.2022) Мақомот як корманди "Тоҷикматлубот"-ро бо иттиҳоми гирифтани ришва барои вобаста намудани нуқтаи савдо ба як шаҳрванд боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, раиси Раёсати ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб Р. А. даст ба фасоди молӣ задааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А”, дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, корафтода ба раҳбари "Матлубот" барои вобаста намудани нуқтаи савдо муроҷиат намуд.
Аммо боздоштшуда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғолнамудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз ахирӣ дар ду ҳолат 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда, 17 000 сомониашро тақозо намудааст.
"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрвад “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифа шуд", - афзуд манбаъ.
Дар робита ба ин қазия нисбати Р. М. бо моддаи 279, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бар асоси ин банди қонун, агар гуноҳи боздоштшуда собит шавад, ӯро аз 51 то 96 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 3 сол ҳабс интизор аст.