https://sputnik.tj/20220327/rohbari-jml-tashkili-raypursi-payvastani-hayati-rusiya-1047110537.html
Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад
Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Луганск дар эълон кард, ки имкон дорад дар ояндаи наздик райпурсӣ барои пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад
2022-03-27T18:00+0500
2022-03-27T18:00+0500
2022-03-28T12:19+0500
дар русия
луганск
пайвастан
ҳайат
донетск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046161105_0:0:2304:1296_1920x0_80_0_0_66107fb4eaa6928c255a40b4057b3feb.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Леонид Пасечник, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Луганск (ҶМЛ) дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, имкон дорад, дар ин ҷумҳурӣ раъйпурсӣ дар бораи пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад.“Фикр мекунам, дар ояндаи наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ раъйпурсӣ баргузор мешавад, ки дар он мардум аз ҳуқуқи мутлақи конститутсионии худ истифода намуда, дар бораи ворид шудан ба Русия фикри худро баён хоҳанд кард”, - гуфт ӯ дар мулоқот бо рӯзноманигорони хориҷӣ.Ба гуфтаи сенатори Русия Андрей Клишас, ҶМД ва ҶМЛ ҳақ доранд, ки "тибқи конститутсияҳои худ" дар бораи пайвастан ба Русия тасмим гиранд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
луганск
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046161105_68:0:1988:1440_1920x0_80_0_0_b4f408fd18ed36702a1188b4bbda8a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, донетск, райпурсӣ, пайвастан, ҳайати русия, луганск
русия, донетск, райпурсӣ, пайвастан, ҳайати русия, луганск
Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад
18:00 27.03.2022 (Навсозишуда: 12:19 28.03.2022) Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Луганск дар эълон кард, имкон дорад, дар ояндаи наздик раъйпурсӣ барои пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Леонид Пасечник, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Луганск (ҶМЛ) дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, имкон дорад, дар ин ҷумҳурӣ раъйпурсӣ дар бораи пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад.
“Фикр мекунам, дар ояндаи наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ раъйпурсӣ баргузор мешавад, ки дар он мардум аз ҳуқуқи мутлақи конститутсионии худ истифода намуда, дар бораи ворид шудан ба Русия фикри худро баён хоҳанд кард”, - гуфт ӯ дар мулоқот бо рӯзноманигорони хориҷӣ.
Ба гуфтаи сенатори Русия Андрей Клишас, ҶМД ва ҶМЛ ҳақ доранд, ки "тибқи конститутсияҳои худ" дар бораи пайвастан ба Русия тасмим гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.