https://sputnik.tj/20220327/narkh-arzon-shud-shirkathoi-havonavardi-taahhud-1047112914.html
Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд
Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод
2022-03-27T19:00+0500
2022-03-27T19:00+0500
2022-03-28T12:09+0500
дар тоҷикистон
чипта
билет
парвоз
ҳавопаймо
арзон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031911001_0:64:1600:964_1920x0_80_0_0_a00283ccb8799de317739a8e344f340e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 март — Sputnik. Дар моҳи феврал қимати билетҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва агентӣ аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.Як манбаъ дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи муштарак ширкатҳои ҳавонавардӣ тааҳҳуд супурданд, ки фурӯши билетҳоро дар парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия ба таври собит ба роҳ хоҳанд монд.Дар моҳи феврали соли равон ширкатҳои ҳавонавардӣ қимати билетҳоро якбора 100% боло бурданд ва нархи ҳадди ақали як билет ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин муҷиби норизоиятиҳо мусофирин, қабл аз ҳама муҳоҷирини меҳнатӣ шуд.Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир се ширкат – “Сомон эйр”- и Тоҷикистон ва “Уралские авиалинии”-ву “ЮтЭйр"-и Русия миёни ду кишвар парвозҳои худро анҷом медиҳанд.Аз мавсими нав эҳтимол дорад, ширкатҳои “Северний ветер” ва “Сибир” низ парвозҳои худро аз сар гиранд.Мавсими нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 28 март шуруъ мешавад.
https://sputnik.tj/20220210/khadamot-fazo-ozod-bilet-aviatsiya-1045730319.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031911001_179:0:1600:1066_1920x0_80_0_0_2981deeca50f33a306f290e60e52f002.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳавопаймо, ҳавонарвардӣ, билет, парвоз, арзон
тоҷикистон, ҳавопаймо, ҳавонарвардӣ, билет, парвоз, арзон
Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд
19:00 27.03.2022 (Навсозишуда: 12:09 28.03.2022) Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 март — Sputnik. Дар моҳи феврал қимати билетҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва агентӣ аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.
Як манбаъ дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи муштарак ширкатҳои ҳавонавардӣ тааҳҳуд супурданд, ки фурӯши билетҳоро дар парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия ба таври собит ба роҳ хоҳанд монд.
“Аз мавсими нав новобаста аз боло рафтани қурби доллар ширкатҳо ба агентӣ тааҳҳуд супурданд, ки нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло нахоҳанд бурд. Дар акси ҳол агентӣ ин ҳақро хоҳад дошт, ки ҳаққи парвозро аз онҳо бигирад”, - гуфт манбаъ.
Дар моҳи феврали соли равон ширкатҳои ҳавонавардӣ қимати билетҳоро якбора 100% боло бурданд ва нархи ҳадди ақали як билет ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин муҷиби норизоиятиҳо мусофирин, қабл аз ҳама муҳоҷирини меҳнатӣ шуд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир се ширкат – “Сомон эйр”- и Тоҷикистон ва “Уралские авиалинии”-ву “ЮтЭйр"-и Русия миёни ду кишвар парвозҳои худро анҷом медиҳанд.
Аз мавсими нав эҳтимол дорад, ширкатҳои “Северний ветер” ва “Сибир” низ парвозҳои худро аз сар гиранд.
Мавсими нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 28 март шуруъ мешавад.