https://sputnik.tj/20220327/musobiqa-velosipedroni-piruz-bokht-1047111749.html
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи велосипедронӣ дар Душанбе кӣ пирӯз шуду кӣ бохт?
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи велосипедронӣ дар Душанбе кӣ пирӯз шуду кӣ бохт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардон варзишгари қазоқ ва миёни ҷавондухтарони то 23-сола намояндаи Ӯзбекистон медалҳои тилоро... 27.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-27T20:20+0500
2022-03-27T20:20+0500
2022-03-28T12:02+0500
дар тоҷикистон
душанбе
навигариҳои варзиши тоҷикистон
марафони велосипедронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/05/1039992028_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_401c85fcb39cc1b5b0614e626b5faaa8.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Ҷопон, Ӯзбекистон, АМА, Муғулистон, Эрон, Индонезия, Ҳиндустон, Покистон, Фаластин ва Тоҷикистон дар Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардони якачин иштирок намуданд.Дар ин рақобатҳо Тоҷикистонро Раҳимҷон Аминов намояндагӣ намуд. Мутаассифона, ӯ дар ин сабқат охирон шуд. Миёни мардони яккачин барандаи медали биринҷӣ дучархасавори ӯзбек Муродҷон Холмуродов гардид. Ин варзишгар 24 километрро дар 29 дақиқаю 58 сония тай кард. Нарияки Масуда аз Ҷопон бо нишондоди 29 дақиқаю 36 сония дуюмин шуд ва аввалин шуда, ба хатти ниҳоӣ дар 28 дақиқаю 45 сония дучархарони қазоқистонӣ Евгений Фёдоров расид. Мавсуф қаҳрамони ҷадиди Осиё гардида, медали тилоро ба гардан овехт.Дар идомаи рӯзи сеюми Қаҳрамонии велосипедронии Осиё навбат ба ҷавондухтарони то 23-сола расид. Дар ин сабқат 6 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, ИМА, Таиланд, Эрон ва Ветнам иштирок намуданд. Дар ин рақобат медали биринҷиро Сафия Алсаёҳ аз ИМА соҳиб шуд. Сафия масофаи муайяншударо дар 37 дақиқаю 2 сония тай намуд. Варзишгарбонуи қазоқ Бота Батирбекова бо паймудани ин масир дар тӯли 36 дақиқаю 40 сония медали нуқраро ба гардан овехт. Ҳамин тавр дар рӯзи сеюми сабқатҳои Қаҳрамонии велосипедронии Осиё варзишгарони қазоқ соҳиби ду нишони тило ва варзишгарони ӯзбек барандаи як медали заррин гардиданд.
https://sputnik.tj/20220322/rohbandi-dushanbe-1046995977.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/05/1039992028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_59d7aba9bbc3a935516e3568a4d873d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, навигариҳои варзиши тоҷикистон, марафони велосипедронӣ
дар тоҷикистон, душанбе, навигариҳои варзиши тоҷикистон, марафони велосипедронӣ
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи велосипедронӣ дар Душанбе кӣ пирӯз шуду кӣ бохт?
20:20 27.03.2022 (Навсозишуда: 12:02 28.03.2022) Дар рӯзи сеюми мусобиқаи Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардон варзишгари қазоқ ва миёни ҷавондухтарони то 23-сола намояндаи Ӯзбекистон медалҳои тилоро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Ҷопон, Ӯзбекистон, АМА, Муғулистон, Эрон, Индонезия, Ҳиндустон, Покистон, Фаластин ва Тоҷикистон дар Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардони якачин иштирок намуданд.
Дар ин рақобатҳо Тоҷикистонро Раҳимҷон Аминов намояндагӣ намуд. Мутаассифона, ӯ дар ин сабқат охирон шуд.
Миёни мардони яккачин барандаи медали биринҷӣ дучархасавори ӯзбек Муродҷон Холмуродов гардид. Ин варзишгар 24 километрро дар 29 дақиқаю 58 сония тай кард.
Нарияки Масуда аз Ҷопон бо нишондоди 29 дақиқаю 36 сония дуюмин шуд ва аввалин шуда, ба хатти ниҳоӣ дар 28 дақиқаю 45 сония дучархарони қазоқистонӣ Евгений Фёдоров расид. Мавсуф қаҳрамони ҷадиди Осиё гардида, медали тилоро ба гардан овехт.
Дар идомаи рӯзи сеюми Қаҳрамонии велосипедронии Осиё навбат ба ҷавондухтарони то 23-сола расид. Дар ин сабқат 6 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, ИМА, Таиланд, Эрон ва Ветнам иштирок намуданд.
Дар ин рақобат медали биринҷиро Сафия Алсаёҳ аз ИМА соҳиб шуд. Сафия масофаи муайяншударо дар 37 дақиқаю 2 сония тай намуд. Варзишгарбонуи қазоқ Бота Батирбекова бо паймудани ин масир дар тӯли 36 дақиқаю 40 сония медали нуқраро ба гардан овехт.
Ҳамин тавр дар рӯзи сеюми сабқатҳои Қаҳрамонии велосипедронии Осиё варзишгарони қазоқ соҳиби ду нишони тило ва варзишгарони ӯзбек барандаи як медали заррин гардиданд.