ҶМЛ метавонад як қисми Русия шавад

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкЖители Донецка и Луганска празднуют признание Россией ДНР и ЛНР
Жители Донецка и Луганска празднуют признание Россией ДНР и ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Дар ояндаи наздик мумкин аст, дар ин ҷумҳурӣ барои дохил шудан ба Русия раъйпурсӣ сурат гирад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Ҷумҳурии Мардумии Луганс дар бораи вуруди он ба Русия эҳтимол раъйпурсӣ баргузор шавад. Дар ин бора Леонид Пасечник, сарвари ин ҷумҳурӣ хабар дод.

"Фикр мекунам, дар ояндаи наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ раъйпурсӣ баргузор мешавад, ки дар он мардум аз ҳуқуқи мутлақи конститутсионии худ истифода бурда, фикри худро дар бораи дохил шудан ба Федератсияи Русия баён хоҳанд кард", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Русия 21 феврал соҳибихтиёрии ҶМЛ ва ҶМД-ро эътироф кард. Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармон имзо кардааст.
Раисҷумҳури Русия дар паёмаш ба русҳо бар зарурати ин тадбир таъкид кардааст, зеро онҳое, ки ба роҳи хунрезӣ, хушунат ва қонуншиканӣ рафтаанд, роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро ба ҷуз аз роҳи низомӣ намешиносанд.
Сотый гуманитарный конвой из России прибыл в Донбасс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ба Украина беш аз 5 ҳазор тонна кумак интиқол дод
ҶМЛ ва ҶМД пас аз табаддулоти давлатӣ дар Украина дар моҳи феврали соли 2014 истиқлоли худро эълон карданд. Баъди ин Киев амалиёти низомии зидди ҷумҳуриҳои худхондаро оғоз кард.
Бар асари низоъ, тибқи маълумоти СММ, тақрибан 13 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина борҳо созишномаҳои оташбасро нақз кардаанд.
Баъди ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурӣ бастани созишномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин дархости сарони ҷумҳуриҳо барои кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина рӯзи 24 феврал Русия дар Донбасс амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0