https://sputnik.tj/20220327/ilon-mask-shabakai-ijtimoii-sozad-1047105965.html
Илон Маск мехоҳад шабакаи иҷтимоии нав созад
Илон Маск мехоҳад шабакаи иҷтимоии нав созад
Sputnik Тоҷикистон
Миллиардери амрикоӣ хостори ташкил ва таҳияи шабакаи иҷтимоии нав шудааст, ки дар таблиғоту пропаганда набошад
2022-03-27T13:35+0500
2022-03-27T13:35+0500
2022-03-28T13:08+0500
дар ҷаҳон
илон маск
амрико
шабакаи иҷтимоӣ
ташкил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046559237_0:105:3041:1816_1920x0_80_0_0_cbf751ee901c4c74c5b747748ec89dcc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ гуфт, ки ӯ дар бораи ташкили як шабакаи нави иҷтимоӣ ҷиддӣ фикр мекунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”."Илон Маск, оё шумо фикр мекунед, ки як шабакаи нави иҷтимоӣ эҷод кунед? Шабакае, ки алгоритми боз дошта бошад, то дар он озодии баён ва иҷрои он авлавият дошта бошад. Ҳамчунин дар он ҷо таблиғот ҳам бояд кам бошад. Ман фикр мекунам, чунин шабакаи иҷтимоӣ зарур аст", - навиштааст як корбари "Twitter".Дар посух Илон Маск навиштааст: “Ман ба таври ҷиддӣ дар ин бора фикр карда истодаам”.Ёдовар мешавем, ки бинобар амалиёти вижаи Русия дар Украина дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ таблиғот ба даъвати қатли мардуми рус пайдо шуд, ки дар ниҳоят боиси баста шудани ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия гашт.Ахиран додгоҳи Тверскойи Маскав рӯзи душанбе шабакаҳои "Facebook" ва "Instagram"-ро дар Русия барои фаъолияти ифротгароӣ масдуд кард.Додгоҳ гуфт, қарори мазкур фавран ба ҳукми иҷро медарояд. Додситонии кул ин даъворо хоҳиши ҳифзи русҳо аз нақзи минбаъдаи ҳуқуқашон арзёбӣ кард.Ба гуфтаи додситонӣ, иттилооти ифротгароӣ ҳам ба афрод ва ҳам ба ҷомеа таҳдид мекунад. Додситонии кул таъкид мекунад, ки ин ширкат бо иҷозаи даъватҳо барои куштани низомиёни Русия қоидаҳои худро нақз мекунад.Қаблан "Meta Platforms" бо назардошти ҳаводиси Украина нашри даъватҳо ба хушунат алайҳи низомиёни Русия, "вале на бар зидди аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия" дар "Facebook" ва "Instagram"-ро муваққатан лағв карда буд.Пас аз ин Додситонии кулли Русия масъалаи ба унвони созмони ифротӣ эътироф шудани "Meta"-ро матраҳ кард ва Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кард.
https://sputnik.tj/20220321/dodgoh-facebook-instagram-ifrotgaro-man-1046967381.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046559237_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_04ae0e1ade8055bb8382fa0bbf4db142.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илон маск, шабакаи иҷтимоӣ, ташкил, амрико
илон маск, шабакаи иҷтимоӣ, ташкил, амрико
Илон Маск мехоҳад шабакаи иҷтимоии нав созад
13:35 27.03.2022 (Навсозишуда: 13:08 28.03.2022) Миллиардери амрикоӣ хостори ташкил ва таҳияи шабакаи иҷтимоии нав шудааст, ки вобастаи таблиғоту пропаганда набошад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ гуфт, ки ӯ дар бораи ташкили як шабакаи нави иҷтимоӣ ҷиддӣ фикр мекунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Илон Маск, оё шумо фикр мекунед, ки як шабакаи нави иҷтимоӣ эҷод кунед? Шабакае, ки алгоритми боз дошта бошад, то дар он озодии баён ва иҷрои он авлавият дошта бошад. Ҳамчунин дар он ҷо таблиғот ҳам бояд кам бошад. Ман фикр мекунам, чунин шабакаи иҷтимоӣ зарур аст", - навиштааст як корбари "Twitter".
Дар посух Илон Маск навиштааст: “Ман ба таври ҷиддӣ дар ин бора фикр карда истодаам”.
Ёдовар мешавем, ки бинобар амалиёти вижаи Русия дар Украина дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ таблиғот ба даъвати қатли мардуми рус пайдо шуд, ки дар ниҳоят боиси баста шудани ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия гашт.
Ахиран додгоҳи Тверскойи Маскав рӯзи душанбе шабакаҳои "Facebook" ва "Instagram"-ро дар Русия барои фаъолияти ифротгароӣ масдуд кард.
Додгоҳ гуфт, қарори мазкур фавран ба ҳукми иҷро медарояд. Додситонии кул ин даъворо хоҳиши ҳифзи русҳо аз нақзи минбаъдаи ҳуқуқашон арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи додситонӣ, иттилооти ифротгароӣ ҳам ба афрод ва ҳам ба ҷомеа таҳдид мекунад. Додситонии кул таъкид мекунад, ки ин ширкат бо иҷозаи даъватҳо барои куштани низомиёни Русия қоидаҳои худро нақз мекунад.
Қаблан "Meta Platforms" бо назардошти ҳаводиси Украина нашри даъватҳо ба хушунат алайҳи низомиёни Русия, "вале на бар зидди аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия" дар "Facebook" ва "Instagram"-ро муваққатан лағв карда буд.
Пас аз ин Додситонии кулли Русия масъалаи ба унвони созмони ифротӣ эътироф шудани "Meta"-ро матраҳ кард ва Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кард.