Эътирози кормандони бахши нақлиёти Испания ба хотири болоравии нархи сӯзишворӣ – видео

Обуна шудан
Ҳазорҳо эътирозгар бо шиору овезаҳо бар зидди болоравии нархи сӯзишворӣ ба кӯчаҳои пойтахти Испания рехтанд
Дар Аврупо барои болоравии қимати маводи сӯхт эътироз карданд.
Бахусус ҳазорҳо нафаре, ки дар бахши нақлиёти Испания кор мекунанд, барои болоравии нархи сӯзишврӣ даст ба эътироз заданд ва ба кӯчаҳои Мадрид рехтанд.
Дар ин эътироз кормандони соҳаи нақлиёт ширкат доштанд, ки аз сабаби гаронии нархи бензин бекор монданд.
Дар баробари боло рафтани нархи сӯзишворӣ нархи маводи ғизоӣ низ боло меравад.
Эътирозҳои оммавӣ ба далели боло рафтани қимати сӯзишворӣ дар Испания рӯзи 14 март оғоз шуданд. Рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳукумат ва намояндагони бахши нақлиёт чанд соат гуфтушунид карданд. Дар натиҷа дар бораи қабули маҷмуи тадбирҳо ба маблағи як миллиард евро созиш ҳосил шуд.
Лентаи хабарҳо
0