https://sputnik.tj/20220327/dushanbe-ronanda-lada-priora-bozdosht-1047105739.html
Дар Душанбе ронандаи "Лада приора" боздошт шуд
Дар Душанбе ронандаи "Лада приора" боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати як сокини 27-солаи пойтахт, тибқи моддаҳои 313 ва 316, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба ҷаримагоҳи муваққатӣ... 27.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-27T13:05+0500
2022-03-27T13:05+0500
2022-03-28T13:11+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_caa18f451fb00cdfdfdb7fdd992475d7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Душанбе ронандаи 27-солаи автомашинаи тамғаи "Лада приора" боздошт шудааст.Ба иттилои Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, ронандаи мазкур барои истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда, ки истифодаи онҳо оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи номбурда, сокини кӯчаи Шамсӣ бар замми ғайриқонунӣ насб намудани таҷҳизоти махсуси садодҳидандаю равшанидиҳанда, ҳамзамон бо рақамҳои қайди давлатии бегона автомашинаи худро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идора мекардааст.Кормандони милиса муайян намуданд, ки рақамҳои қайди давлатии автомашинаи мазкур 1111SD03 буда, рақамҳои қайди давлатии 700ММ03 ба дигар автомашина, яъне автомашинаи тамғаи "Хундай", ки ба ширкати ҶДММ "Роҳи байналмилалӣ" ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад. Дар ҳамин ҳол нисбати ин ронанда, тибқи талаботи моддаҳои 313 (рақами бегона) ва 316 (насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда), протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба ҷаримагоҳи муваққатии раёсат дар шаҳри Душанбе бурда шудааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b0620bba2090edc2664329b0b05789c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар Душанбе ронандаи "Лада приора" боздошт шуд
13:05 27.03.2022 (Навсозишуда: 13:11 28.03.2022) Нисбати як сокини 27-солаи пойтахт, тибқи моддаҳои 313 ва 316, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба ҷаримагоҳи муваққатӣ мунтақил гаштааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Душанбе ронандаи 27-солаи автомашинаи тамғаи "Лада приора" боздошт шудааст.
Ба иттилои Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, ронандаи мазкур барои истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда, ки истифодаи онҳо оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи номбурда, сокини кӯчаи Шамсӣ бар замми ғайриқонунӣ насб намудани таҷҳизоти махсуси садодҳидандаю равшанидиҳанда, ҳамзамон бо рақамҳои қайди давлатии бегона автомашинаи худро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идора мекардааст.
Кормандони милиса муайян намуданд, ки рақамҳои қайди давлатии автомашинаи мазкур 1111SD03 буда, рақамҳои қайди давлатии 700ММ03 ба дигар автомашина, яъне автомашинаи тамғаи "Хундай", ки ба ширкати ҶДММ "Роҳи байналмилалӣ" ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад.
"Номбурда дидаву дониста бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол нисбати ин ронанда, тибқи талаботи моддаҳои 313 (рақами бегона) ва 316 (насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда), протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба ҷаримагоҳи муваққатии раёсат дар шаҳри Душанбе бурда шудааст.