https://sputnik.tj/20220326/qodirov-jahoni-islom-az-rusiya-himoyat-kard-1047100308.html
Қодиров: Ҷаҳони ислом аз Русия ҳимоят кард
Қодиров: Ҷаҳони ислом аз Русия ҳимоят кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Чеченистон мегӯяд, дар ҳоле бархе кившарҳо алайҳи Русия аз таҳримот кор гирифтаанд, ҷаҳони ислом аз ин кишвар ҳимоят кардааст
2022-03-26T21:00+0500
2022-03-26T21:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
чеченистон
амният ва мудофиа
рамазон қодиров
ислом
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_0:0:1233:694_1920x0_80_0_0_bcea85048fc55a386864c420a946c754.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Кишварҳои ҷаҳон, ки аҳолии мусалмонашон бештар мебошанд, ба таҳримот алайҳи Русия пайваст нашуданд, изҳор дошт президенти Чеченистон, Рамазон Қодиров. Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" далели ин иқдомро ҷонибдории мусалмонҳо аз ҳақиқат арзёбӣ кардаст. Вай аз номи ҳудуди 30 млн. мусалмони Русия барои кишварҳои мусалмоннишине, ки таҳрим ҷорӣ накарданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Дар зимн Рамазон Қодиров таъкид намудаст, ки Ҷо Байден, роҳбари ИМА "гарчанде симои инсонӣ дорад, сиёсати шайтониро пеш бурда истодааст". "Ифтихор дорам, мусалмонаму мушоҳида мекунам, ки мусалмонҳо мавқеи якмаром алайҳи Ғарбро баён карданд. Барои ин ҳар қадаре Байден ва думравонаш ба Киев кумак кунанд ҳам, мо дар Украина ҳатто бӯи миллатгароӣ, бандерӣ ва шайтонҳоро боқӣ намемонем", - илова намудаст Қодиров. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220326/kalibr-oniks-siloh-suzishvori-ukraina-1047093207.html
чеченистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_29:0:1186:868_1920x0_80_0_0_0468624b3a45919ce1f10761d270d0eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров, ҷаҳон, ислом, ҳимоят, русия
рамазон қодиров, ҷаҳон, ислом, ҳимоят, русия
Қодиров: Ҷаҳони ислом аз Русия ҳимоят кард
21:00 26.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Президенти Чеченистон мегӯяд, дар ҳоле бархе кившарҳо алайҳи Русия аз таҳримот кор гирифтаанд, ҷаҳони ислом аз ин кишвар ҳимоят кардааст
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Кишварҳои ҷаҳон, ки аҳолии мусалмонашон бештар мебошанд, ба таҳримот алайҳи Русия пайваст нашуданд, изҳор дошт президенти Чеченистон, Рамазон Қодиров.
Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" далели ин иқдомро ҷонибдории мусалмонҳо аз ҳақиқат арзёбӣ кардаст.
"Бароям чун мусалмон хурсандиовар аст, ки тамоми ҷаҳони Ислом Русияро дар мубориза бо бадӣ пуштибонӣ кард. Ҳич кишваре, ки аксари аҳолияш мусалмонанд, ба таҳрими Русия пайваст нашуд", - навишт раҳбари Чеченистон.
Вай аз номи ҳудуди 30 млн. мусалмони Русия барои кишварҳои мусалмоннишине, ки таҳрим ҷорӣ накарданд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар зимн Рамазон Қодиров таъкид намудаст, ки Ҷо Байден, роҳбари ИМА "гарчанде симои инсонӣ дорад, сиёсати шайтониро пеш бурда истодааст".
"Ифтихор дорам, мусалмонаму мушоҳида мекунам, ки мусалмонҳо мавқеи якмаром алайҳи Ғарбро баён карданд. Барои ин ҳар қадаре Байден ва думравонаш ба Киев кумак кунанд ҳам, мо дар Украина ҳатто бӯи миллатгароӣ, бандерӣ ва шайтонҳоро боқӣ намемонем", - илова намудаст Қодиров.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.