Медведев гуфт, ки Русия кай метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкТяжелый бомбардировщик-ракетоносец Ту-95МС, архивное фото
Тяжелый бомбардировщик-ракетоносец Ту-95МС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амният Медведев ҳолатҳоеро номбар кард, ки Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Якчанд асос вуҷуд дорад, ки тибқи онҳо, Русия ҳуқуқи истифодаи силоҳи ҳастаӣ дорад, ҳамаи онҳо дар санади дахлдор баён шудаанд ва ин аз иродаи кишвар барои дифоъ аз соҳибихтиёрии худ шаҳодат медиҳад, аммо ба ҳар ҳол дар вазъиятҳои душвор гуфтушунид беҳтарин ва аз ҳама муҳимтарин роҳи дуруст аст, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва RT.
"Ин ҳолатҳо дар ҳуҷҷате, ки бо фармони президент тасдиқ шудааст, нишон дода шудаанд ва ин аз иродаи мо барои ҳимояи истиқлолу соҳибихтиёрии кишварамон шаҳодат медиҳад ва ҳеҷ кас ҳатто набояд заррае шубҳа накунад, мо омодаем, ба ҳама гуна ҳодисаҳо ҷавоби сазовор диҳем", - гуфт Медведев зимни суханронӣ дар бораи санади ҷилавгирӣ аз силоҳи ҳастаӣ.
Вай қайд кард, як қатор асосҳое мавҷуданд, ки дар асоси онҳо, Русия ҳуқуқи истифодаи яроқи ядроиро дорад.
Якум, ин вазъиятест, ки бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ ба зидди Русия ҳамлаи мушакӣ сурат бигирад. Ҳолати дуюм ин истифодаи гуногуни силоҳи ҳастаӣ алайҳи Федератсияи Русия ё иттифоқчиёни он мебошад. Ҳолати сеюм ин таҷовуз ба инфрасохтори муҳим аст, ки дар натиҷаи он фаъолияти неруҳои боздоранда аз силоҳи ҳастаии Русия фалаҷ мешаванд.
Чорум ҳолат, ба гуфтаи Медведов ин аст, ки амалиёти таҷовузкорона ба муқобили Русия ё иттифоқчиёни сурат гирад, ки дар натиҷаи он худи мавҷудияти мамлакат ҳатто бе истифодабарии яроқи ҳастаӣ, яъне бо истифода аз яроқи муқаррарӣ зери хавф қарор гирад.
"Аммо ман инро мегӯям, зеро ин суол шудааст. Аён аст, ки мо аз он хулоса мебарорем, гуфтушунид, саъю кушиши дипломатӣ дар вазъияти душвортарин, ба мисли вазъияте, ки холо, масалан, дар атрофи Украина шакл мегирад, ҳоло ҳам беҳтарин ва дурусттарин роҳ аст. Чизи дигар ин аст, ки музокирот на ҳамеша муваффақ мешавад, аммо бо ин роҳ рафтан лозим аст”, - афзуд муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Лентаи хабарҳо
0