https://sputnik.tj/20220326/medinskiy-kiev-muzokirot-tasmim-1047087558.html
Мединский: Киев иқрор шуд, ки дар музокирот ба ҷойи он тасмим мегиранд
Мединский: Киев иқрор шуд, ки дар музокирот ба ҷойи он тасмим мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Сардори ҳайати Русия дар музокирот бо Украина дар бораи мушкилоти асосии Федератсияи Русия сухан гуфт
2022-03-26T09:35+0500
2022-03-26T09:35+0500
2022-03-28T16:49+0500
дар русия
украина
музокирот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047081746_0:0:2569:1446_1920x0_80_0_0_bac50ebd802f3a2ad9bf6ca60f6a3069.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ҷараёни музокироти Маскав ва Киев ҷониби Украина ошкоро дар бораи набудани мустақилият дар зимни қабули қарорҳо ҳарф мезанад. Дар ин бора дар суҳбат бо рӯзноманигорон роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский иттилоъ дод."Мутаассифона, то ҷое мо дарк мекунем, онҳо худашон пинҳон намекунанд, ки дар қабули тасмимҳои мустақил маҳдуданд", - гуфт ин сиёсатмадор.Мединский афзуд, ки ба хушбинии ҳамкорони украиниаш дар бораи "пешрафти бузург" бовар намекунад. "Дар мавқеъҳои принсипиалӣ, ки ҷониби Русия бар он исрор мекунад, ҳанӯз ҳаракат нест", - хулоса кард роҳбари ҳайати Русия.Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, ки айни замон мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома доранд.Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Радаи Болоӣ Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михаил Подоляк шомиланд. Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.То кунун ҷонибҳо натавонистаанд ба пешрафте ноил шаванд, аммо дипломатҳо дар мавриди ташкили долонҳои башардӯстона ба мувофиқа расиданд. Дар навбати худ Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ба наздик шудани Маскав ва Киев дар баъзе мавқеъҳо ишора кард.
https://sputnik.tj/20220325/monea-muzokirot-rusiya-ukraina-1047053967.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047081746_27:0:2218:1643_1920x0_80_0_0_52263ef8e55a10c24ecdecb80eff56e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мединский киев музокирот
Мединский: Киев иқрор шуд, ки дар музокирот ба ҷойи он тасмим мегиранд
09:35 26.03.2022 (Навсозишуда: 16:49 28.03.2022) Сардори ҳайати Русия дар музокирот бо Украина дар бораи мушкилоти асосии Федератсияи Русия сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ҷараёни музокироти Маскав ва Киев ҷониби Украина ошкоро дар бораи набудани мустақилият дар зимни қабули қарорҳо ҳарф мезанад.
Дар ин бора дар суҳбат бо рӯзноманигорон роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский иттилоъ дод.
"Мутаассифона, то ҷое мо дарк мекунем, онҳо худашон пинҳон намекунанд, ки дар қабули тасмимҳои мустақил маҳдуданд", - гуфт ин сиёсатмадор.
Илова бар ин ӯ қайд кард, Украина талош мекунад, ки музокиротро кашол диҳад, зеро муътақид аст, ки ҳалли масъала дар зудтарин фурсат ба фоидаи онҳост.
Мединский афзуд, ки ба хушбинии ҳамкорони украиниаш дар бораи "пешрафти бузург" бовар намекунад.
"Дар мавқеъҳои принсипиалӣ, ки ҷониби Русия бар он исрор мекунад, ҳанӯз ҳаракат нест", - хулоса кард роҳбари ҳайати Русия.
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо се мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, ки айни замон мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома доранд.
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Радаи Болоӣ Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михаил Подоляк шомиланд.
Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
То кунун ҷонибҳо натавонистаанд ба пешрафте ноил шаванд, аммо дипломатҳо дар мавриди ташкили долонҳои башардӯстона ба мувофиқа расиданд. Дар навбати худ Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ба наздик шудани Маскав ва Киев дар баъзе мавқеъҳо ишора кард.