https://sputnik.tj/20220326/buzkashi-navruzi-tojikiston-aks-1047094529.html
Бузкашии наврӯзӣ дар Тоҷикистон - аксҳо
Бузкашии наврӯзӣ дар Тоҷикистон - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Бузкашӣ аз навъҳои маъмули варзишии тоҷикон мебошад, ки одатан дар ҷашнҳои бузург, аз ҷумла Наврӯз баргузор мешавад. Данғара имсол мизбони бузкашии наврӯзӣ буд
2022-03-26T17:40+0500
2022-03-26T17:40+0500
2022-03-28T14:40+0500
акс
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бузкашӣ
наврӯз
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1a/1047094535_0:68:1914:1145_1920x0_80_0_0_5d3374236c0d3016045bde0c41c1c089.jpg
Бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст. Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон то як ҳафта давом мекунад, минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мизбони баргузории мусобиқа мешаванд. Одатан чорабинӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ гузаронда мешавад. Бархе маҳдудиятҳо, ки дар замони пандемияи коронавирус барои гузарондани бузкашӣ ҳам маҳдудият эҷод мекарданд, феълан лағв гардида, мусобиқот ба таври густурда баргузор мегарданд.
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1a/1047094535_149:0:1766:1213_1920x0_80_0_0_4ec4aad25e9dbef389ae44899e309d9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара, мизбон, наврӯзӣ, бузкашӣ
данғара, мизбон, наврӯзӣ, бузкашӣ
Бузкашии наврӯзӣ дар Тоҷикистон - аксҳо
17:40 26.03.2022 (Навсозишуда: 14:40 28.03.2022) Бузкашӣ аз навъҳои маъмули варзишии тоҷикон мебошад, ки одатан дар ҷашнҳои бузург, аз ҷумла Наврӯз баргузор мешавад. Данғара имсол мизбони бузкашии наврӯзӣ буд
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкБузкашии идона, ки ҳамасола дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон баргузор мешавад, дар ноҳияи Данғара барпо шуд.
Бузкашии идона, ки ҳамасола дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон баргузор мешавад, дар ноҳияи Данғара барпо шуд.
Човандозон дар ин навъи бозӣ барои ҷасади бузе зӯрозмоӣ мекунанд
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкБузкашӣ миёни шаҳрвандон мухлисони зиёд дорад ва баъзан аз навоҳии дигар ҳам ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд то сабқати човандозонро тамошо кунанд.
Бузкашӣ миёни шаҳрвандон мухлисони зиёд дорад ва баъзан аз навоҳии дигар ҳам ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд то сабқати човандозонро тамошо кунанд.
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкТибқи қоидаи бозӣ, даҳҳо ва баъзан садҳо човандоз дар як ҷой ҷамъ меоянду баъдан сӯйи ҷасади бузи партофта мешитобанд.
Тибқи қоидаи бозӣ, даҳҳо ва баъзан садҳо човандоз дар як ҷой ҷамъ меоянду баъдан сӯйи ҷасади бузи партофта мешитобанд.
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкБаъде, ки довар ҷасадро дар як ҷои муайян мемонаду тӯдаи човандозҳо барои аз замин бардоштани он ва ё аз дасти якдигар гирифтанаш талош мекунанд.
Баъде, ки довар ҷасадро дар як ҷои муайян мемонаду тӯдаи човандозҳо барои аз замин бардоштани он ва ё аз дасти якдигар гирифтанаш талош мекунанд.
Лаҳзае аз бузкашии наврӯзӣ дар ноҳияи Данғара
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкҒолиб нафаре дониста мешавад, ки ҷасади бузро ба даст ораду ба марра, ки то 500 метрро ташкил медиҳад, расонад
Ғолиб нафаре дониста мешавад, ки ҷасади бузро ба даст ораду ба марра, ки то 500 метрро ташкил медиҳад, расонад
© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкСабқат барои гирифтани ҷасади буз хеле шадид сурат мегирад ва ғолибонро аксаран ҷоизаҳои гарон мунтазиранд.
Сабқат барои гирифтани ҷасади буз хеле шадид сурат мегирад ва ғолибонро аксаран ҷоизаҳои гарон мунтазиранд.
Дар Данғара ғолиби бузкашӣ ба ҳайси ҷоиза як шутур дарёфт хоҳад кард.
Яке аз човандозон, иштирокчии бузкашӣ дар ноҳияи Данғара
Бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст. Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад.
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон то як ҳафта давом мекунад, минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мизбони баргузории мусобиқа мешаванд. Одатан чорабинӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ гузаронда мешавад. Бархе маҳдудиятҳо, ки дар замони пандемияи коронавирус барои гузарондани бузкашӣ ҳам маҳдудият эҷод мекарданд, феълан лағв гардида, мусобиқот ба таври густурда баргузор мегарданд.