Тоҷикистоние барои 4 бор вуруди ғайриқонунӣ ба Русия зиндонӣ шуд

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Ин шаҳрванд баъди манъи вурудаш аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират чанд маротиба бор ба сурати ғайриқонунӣ марзи Федератсияи Русияро убур кардааст
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия ба як соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора "Новости Брянск" менависад.
Тибқи иттилои тафтишот, ин шаҳрванди 48-сола то моҳи марти соли 2018 ҳаққи омадан ба Русия манъ надоштааст. Аммо ин тоҷик талаби хадамоти муҳоҷиратро нодида гирифтааст.
Ин мард аз соли 2016 то соли 2021 бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки дар Ватан тартиб дода будааст, 4 бор ба Русия омадааст.
Моҳи октябри соли гузашта ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Пулиси Маскав аз ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон гузориш дод
Дар ҷаласаи додгоҳӣ ин муҳоҷир ба гуноҳаш комилан иқрор шуда, бо қарори суд барои 12 моҳ равонаи зиндон шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, нисбати хориҷиёне, ки қонунҳои кишварро нақз мекунанд, чораҳои сахтгирона татбиқ мешавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури ин кишвар, муборизаи муассир бо ифротгароӣ бевосита ба соҳаи муҳоҷират марбут аст.
Президенти Русия таъкид кард, дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноиро, ки аз ин раванд болотар истода, тиҷорати ҷиноӣ месозанд, ҳушёрона назорат кардан лозим аст.
Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти ин кишвар муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳдид ба Русия хонда буданд.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиҳо таҳти назорати хадамоти вижаи хориҷӣ дар ин кишвар идеологияи терроризмро паҳн мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0