https://sputnik.tj/20220325/sabqati-ducharkharonho-dar-dushanbe---tafsilot-1047083026.html
Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот
Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 400 варзишгар аз қариб 30 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон сабқат хоҳанд кард
2022-03-25T20:40+0500
2022-03-25T20:40+0500
2022-03-25T20:40+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
мақомот
дучархарон
қаҳрамонӣ
осиё
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047068508_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_1248a54e36bbccffdcd26c05b6d3acc2.png
Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мешавад. Ба иттилои мақомоти варзишии Тоҷикистон, дар ин сабқат 428 варзишгар аз 27 давлати қораи Осиё зӯрозмоӣ мекунанд. Дар маҷмуъ дар ин чорабинӣ, 18 сабқат дар 6 масофа миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад. Мусобиқаҳо аз рӯи даставӣ, инфиродӣ сурат мегиранд. Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар ДушанбеОсама ал-Шафар, роҳбари Федератсияи дучархаронии Осиё дар маросими расмии кушодашавии қаҳрамонӣ истиқболи гарму самимии мардуми тоҷикро махсус таъкид карда, афзуд, ки аз ин ҳолат хеле хушҳол гардид. Ӯ афзуд, шароити Тоҷикистон барои баргузории чунин мусобиқаи байналмилалӣ муносиб мебошад. Сабқати дучархаронҳо дар Тоҷикистон то 30 март идома меёбад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи ниҳоии мусобиқа мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ ба масофаи 111 км баргузор мешавад. Тафсилоти барномаи қаҳрамонии Осиёро метавонад дар тасвирбаён пайдо кунед.
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047068508_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_110260bfccd36cd0df26f17036844b47.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, дучархаронӣ, қаҳрамонӣ, осиё, душанбе
талош, дучархаронӣ, қаҳрамонӣ, осиё, душанбе
Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот
Беш аз 400 варзишгар аз қариб 30 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон сабқат хоҳанд кард
Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мешавад.
Ба иттилои мақомоти варзишии Тоҷикистон, дар ин сабқат 428 варзишгар аз 27 давлати қораи Осиё зӯрозмоӣ мекунанд. Дар маҷмуъ дар ин чорабинӣ, 18 сабқат дар 6 масофа миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад. Мусобиқаҳо аз рӯи даставӣ, инфиродӣ сурат мегиранд.
Осама ал-Шафар, роҳбари Федератсияи дучархаронии Осиё дар маросими расмии кушодашавии қаҳрамонӣ истиқболи гарму самимии мардуми тоҷикро махсус таъкид карда, афзуд, ки аз ин ҳолат хеле хушҳол гардид. Ӯ афзуд, шароити Тоҷикистон барои баргузории чунин мусобиқаи байналмилалӣ муносиб мебошад. Сабқати дучархаронҳо дар Тоҷикистон то 30 март идома меёбад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи ниҳоии мусобиқа мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ ба масофаи 111 км баргузор мешавад. Тафсилоти барномаи қаҳрамонии Осиёро метавонад дар тасвирбаён пайдо кунед.