Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зарбаи "Искандар" ба ҷангиёни хориҷӣ дар Украина - видео

Обуна шудан
Мушаки баллистикӣ, ки аз маҷмаи "Искандар-М" партоб шуд, макони тамрини ҷангиёни хориҷиро дар Украина ба хок яксон кардааст
Вазорати дифои Русия навори партоби мушаки баллистикӣ аз маҷмаи "Искандар-М" сӯйи мақарри ҷангиёни хориҷӣ дар Украинаро нашр кардааст.
Дар видео дастгоҳи партобдиҳандаи мушак ва омодагӣ ба парвоз намоиш дода шудааст.
Сипас партоби мушаки баллистикии 9М723 инъикос ёфтааст, ки бо гузоштани осори дудӣ босуръат ба ҳаво баланд мешавад. Инчунин партоби мушакҳои Р-500 аз маҷмаи "Искандар-М" инъикос ёфтааст.
Зарбаҳои бомбафкани Су-34 Русия ба муҳимоти низомии артиши Украина
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, бо ин мушак бинои 60-метрие тахриб шуд, ки дар гуруҳи ҷангиёни хориҷӣ қарор доштанд.
"Азбаски қисмати фугасӣ истифода шуд, бино пурра харобу ҳариф нобуд карда шавад", - афзуд манбаъ.
Маҷмаи "Искандар" барои зарбазанӣ ба иншооти муҳим дар ақибгоҳи ҳариф пешбинӣ шудааст. Партоби болои дақиқ ба фосилаи зиёд, фурсати кам барои омодагӣ, самаранокии гузаштан аз низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ имкон медиҳад, ки бо 1 ва ё 2 партоби пайи ҳам ҳама гуна ҳадаф нобуд карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0