https://sputnik.tj/20220325/bozi-futbol-uganda-tochikiston-1047069245.html
Бозии футболи Уганда - Тоҷикистон
Бозии футболи Уганда - Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Наврӯз-2022" бо яккачини Уганда вориди майдон шуд
2022-03-25T15:51+0500
2022-03-25T15:51+0500
2022-03-25T19:55+0500
видео
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047068965_83:0:1194:625_1920x0_80_0_0_1380ef6274c4fcc29511ac0192eb5fdd.jpg
Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи футбол бахшида ба таҷлили Наврӯз оғоз шуд. Дар "Ҷоми Наврӯз-2022" дар маҷмуъ 4 тими миллӣ ширкат мекунанд. Дар байни дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда пурқувваттаринҳо маълум хоҳанд шуд. Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уганда вомехӯрад.Дастаи футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА боло рафтПетр Сегрт, мураббии яккачини Тоҷикистон қабл аз бозӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин мусобиқа як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн баргузор мешавад. Ӯ гуфт 11 нафар аз бозингарон бо сабабҳои гуногун дар ҳайати яккачини кишвар ба он ҷо нарафтаанд.Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки онҳо то мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи тими миллӣ бармегарданд. Мутахассиси хорватӣ гуфт, сармураббии тими миллии Угандаро мешиносад ва ҷиҳатҳои тавонои дастаро медонанд.Мавсуф таъкид кард, тамоми маҳоратро истифода мекунанд, то натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд.Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Уганда дар радабандии ФИФА аз Тоҷикистон 30 зина болотар аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047068965_361:0:1194:625_1920x0_80_0_0_cfa50da1f5b0638f44667d087c8a93fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ футбол уганда тоҷикистон
бозӣ футбол уганда тоҷикистон
Бозии футболи Уганда - Тоҷикистон
15:51 25.03.2022 (Навсозишуда: 19:55 25.03.2022) Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Наврӯз-2022" бо яккачини Уганда вориди майдон шуд
Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи футбол бахшида ба таҷлили Наврӯз оғоз шуд. Дар "Ҷоми Наврӯз-2022" дар маҷмуъ 4 тими миллӣ ширкат мекунанд.
Дар байни дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда пурқувваттаринҳо маълум хоҳанд шуд.
Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уганда вомехӯрад.
Петр Сегрт, мураббии яккачини Тоҷикистон қабл аз бозӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин мусобиқа як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн баргузор мешавад.
Ӯ гуфт 11 нафар аз бозингарон бо сабабҳои гуногун дар ҳайати яккачини кишвар ба он ҷо нарафтаанд.
Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки онҳо то мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи тими миллӣ бармегарданд.
"Ҳоло муҳим нест, ки чанд бозигар нест, зеро дар айни замон тамоми футболбозони пурқувват бо мо ба Намангон омадаанд",- таъкид кард Сгерт.
Мутахассиси хорватӣ гуфт, сармураббии тими миллии Угандаро мешиносад ва ҷиҳатҳои тавонои дастаро медонанд.
Мавсуф таъкид кард, тамоми маҳоратро истифода мекунанд, то натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд.
Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Уганда дар радабандии ФИФА аз Тоҷикистон 30 зина болотар аст.