Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд, аммо феълан вазъ ором аст

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Дарҳол ин қазия аз сӯйи сарҳадбонони ҳар ду кишвар ҳаллу фасл шудааст ва вазъ марз ором гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаронӣ сурат гирифт. Ин навбат касе аз тири силоҳи оташфишон захм набардоштааст.
Сурат гирифтани ин тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни зикри номаш тасдиқ кард.
Ин тирпаронӣ бар асари нофармонии як ронандаи "Портер", шаҳрванди Тоҷикистон ба амри марзбонони кишвари ҳамсоя вуқуъ омадааст.
Дар шаҳри ин қазия манбаи мо гуфт, замоне ки марзбонони қирғиз хостаанд, мошинеро аз шаҳрвандони кишвар таваққуф диҳанд, ронанда ба амри онҳо итоат накарда, балки суръати ҳаракатро бештар намуда, вориди деҳаи тоҷикнишини Тоҷикистон шудааст ва ин амали ӯ боиси шиллики марзбонони қирғиз, ҳамчунин вориди марзи кишвар шудани онҳо гаштааст.
Тирҳои марзбонони қирғиз касеро исобат накардаанд, балки ба як бинои мағоза дар ҳудуди Тоҷикистон бархӯрдаанд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон афзуд, пас аз тирпаронии мазбонони қирғиз як мусофири "Портер" аз мошин поин шуда, дар ҳоле ки мулкӣ ва бидуни силоҳ будааст, як марзбони қирғизро халъи силоҳ ва онро ҳамроҳ бо дастгоҳи мухобираи марзбон ба мақомоти пулиси Тоҷикистон таслим кардааст.
Гуфта мешавад, ҳоло қазия бо роҳи гуфтугӯ ҳал шуда, вазъ дар марз ором аст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
Таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зада буд, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Мамадов кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0